Навбатдорӣ дар хобгоҳи № 5 аз тарафи кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Навбатдорӣ дар хобгоҳи № 5 аз тарафи кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Мувофиқи нақшаи навбатдорӣ дар хобгоҳҳо, ки аз тарафи ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. тасдиқ карда шудааст, 12 ноябри соли 2021 кормандони кафедраи ТАБК (ассистенти тарбиявӣ- Ашурова Н.П., ассистенти хоҷагидорӣ Муродов Ғ.З., ассистенти таълимӣ - Касимова П.В. ва муаллими коромӯз - Раззоқова К.Р.) дар хобгоҳи № 5 навбатдорӣ намуда, дар мавзӯҳои:

1.     “Ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи хобгоҳ”

2.     “Парчами тоҷикон дар масири таърих”

3.     Нақши асари «Тоҷикон дар оинаи таърих» - и Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи худшиносии миллии ҷавонон»

сӯҳбат гузарониданд, инчунин навбатдорон ба саволу дархостҳои бошандагони хобгоҳ ҷавобҳои мукаммал дода, маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд. Ҳамчунин навбатдорон утоқҳои зист, ошхона, китобхона ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро дидан намуда, оиди риояи тозагӣ ва озодагӣ маслиҳатҳо доданд.

 

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

18.11.2021     305

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php