Ҷашни миллии Наврӯз

Ҷашни миллии Наврӯз

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” аз ҷониби  муаллими калони  кафедра  Ҳайдарова  О.Ф.  дарси кушод дар мавзӯи : “Ҷашни миллии Навўз” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёнии курси 3-юми факултети тиббӣ гурӯҳи 61 гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни курси 3  Усмонов К. ва Кенҷаева М. пурмазмун пешкаш намуданд.

Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони эронитабор буда,  умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд,  Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳорон мебошад. Аз нигоҳи ситорашиносӣ Наврӯз  рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад, ки ҳамон дақиқаву сония соли нав фаро мерасад.

Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги чаҳон”-ро дорад, қарорномаи “Рўзи ҷаҳонии Наврўз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун  Рўзи байналмилалии Наврўз таҷлил гардад.

Наврўз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврўз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст, ки мояи ифтихор аст.

                                Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

15.03.2021     407

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php