Артиши миллӣ рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ

Артиши  миллӣ рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи Муассисаи Давлатии Таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар таърихи 22-юми феврали соли 2021 дарси тарбиявӣ оид ба 23-юми феврал Рӯзи Артиши миллӣ, бо ҳамроҳии донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, бо роҳбарии муаллими коромӯзи кафедра, Мутасаддӣ оид ба квотаҳои Президентӣ дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона Муродова Ф. С. гузаронида шуд.

Дар рафти дарси тарбиявӣ, донишҷӯи курси 3-юм факултаи тибби гуруҳи 31-юм Бобоев Ҳофизжон, ки тибқи квотаи Президентӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба МДТ ”ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дохил шудаву таҳсил менамояд, оид ба Артиши миллӣ презинтатсия пешниҳод намуд. 23-юми феврал Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст. 28-умин сол аст, ки ин рӯз таҷлил мешавад. Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфта, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд. Дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим, бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Муссаллаҳ, Қушунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, тонкӣ ва артиллерия дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз дар аввалин солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда истодааст. Вазорати мудофиа бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Бигузор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад. 

                                                         Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

23.02.2021     362

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php