Фаъолияти омӯзишӣ


Корҳои омӯзишӣ кафедра
Дар кафедра донишҷӯёни курси 2-юми факултаи педиатрӣ таҳсил мекунанд, ки малакаҳои муоширатиро дар семестри 1 мегузаранд; Донишҷӯёни курси 2-юми бакалаврҳо дар семестр 1-ум таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона ва малакаҳои муоширатиро меомӯзанд. Донишҷӯёни курси 3-юми факултаҳои тиббӣ ва педиатрӣ дар семестри 2-юм дар кафедра фанни таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона ва малакаҳои клиникӣ меомӯзанд. Донишҷӯёни курси 3-юми факултети стоматологӣ дар семестри 2-юм фанни бемориҳои кӯдаконаро меомӯзанд. Дар кафедра инчунин ба ординатрҳои клиникӣ ва интернҳо таълим дода мешаванд.
Ҳадафҳои асосии таълимии таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона дар ҷараёни таълим аз гирифтани маълумоти пурра дар бораи ХАФ, семиотика ва синдромҳои осеби узвҳо ва системаҳои гуногун, инчунин ғизодиҳии кӯдакони сини аз 1- сола ва калонтар меомӯзанд. Фанни бемориҳои кӯдакон омӯзиши бемориҳои асосии кӯдакона ва малакаҳои муоширатӣ муносибати духтур ва беморон мебошад.
Малакаҳои клиникӣ иборатанд аз: ҷамъ оварии анамнез, нишондодҳои антропометрӣ, усулҳои муоина, ташхиси усулҳои лабораторӣ ва асбоби таҳқиқотӣ.
Машғулиятҳо бо донишҷӯён бо 3- забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) гузаронида мешаванд. Мувофиқи нақшаи таълимӣ, донишҷӯён дар маркази ягонагӣ тестӣ санҷишҳои чамъбастӣ (рейтингҳо) ва дар охири таҳсили сол имтиҳон месупоранд.
Фаъолияти омӯзишию методӣ
Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра доимо бо тайёр кардани дастурҳои таълимӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо, инчунин барои ординаторҳои клиникӣ ва интрнҳо машғул аст. Ҳамасола барномаҳои корӣ барои ҳамаи факултаҳо баррасӣ мешаванд ва барномаҳои стандартӣ дар 5 сол тасдиқ карда мешаванд.
Дар тӯли 5 соли охир 4 китоби дарсӣ, 39 корҳои таълимию методӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва давлатӣ, инчунин бо 3 -забон презентатсия дар ҳама мавзӯъҳои лексионӣ барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ва бакалаврҳо омода карда мешаванд.
Омода кардааст:
* 800 - санҷишҳои имтиҳонӣ аз фанни таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона барои донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ, педиатрӣ ва курси 2-юми бакалаврҳо (бо 3 забон).
* 400 - барои донишҷӯёни соли 3-юми факултети стоматология аз фанни бемориҳои кӯдакона (бо 2 забон).
* 400 - барои донишҷӯёни 2-юми факултаи педиатрӣ ва бакалаврҳо аз фанни малакаҳои муоширатӣ

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php