Таърихи кафедра


Аввалин бор соли 1963 ва такроран соли 1977 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино факултети стоматологӣ кушода шуд ва дар пойгоҳи кафедраи стоматологияи ДДТТ се кафедраи профилии стоматологӣ ташкил карда шуд.
Бо мақсади таъмини корҳои таълимӣ – методӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси стоматолог соли 1983 кафедраи стоматологияи ортопедӣ ташкил карда шуд ва аввалин мудири кафедра дотсент А.Ҷ.Ҷаҳонгиров тайин гардид. Соли 1985 дар кафедра бо мақсади муоина ва табобати беморони дорои патологияи функсионалии системаи ҷоғу дандонҳо ҳуҷраи ташхисоти функсионалӣ кушода шуд. Усулҳои электромиография ва реография ба роҳ мондашуд.
Барои табобати беморони дорои суфташавии патологӣ найчаи дорои моеъи ретраксионӣ барои тайёркунии корҳои металлокерамикӣ пешниҳод карда шуд,ки ба коллективи кафедра 2 шаҳодатномаи муаллифӣ дода шуд, инчунин 1 нишони тиллоӣ ва 2-то нишони биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИДШС ба даст оварда шуд. Соли 1986 дар якҷоягӣ бо Донишкадаи химияи АИ РСС Тоҷикистон бо мақсади дар амалияи стоматологӣ ворид намудани алюминии махсусан тоза ҳангоми табобати беморони дорои патологияи системаи ҷоғу дандонҳо шартнома ба имзо расид. Дар ҷараёни фаъолият 3 пешниҳоди ратсионализаторӣ пешниҳод ва тасдиқ карда шуд ва патентҳо оиди технологияи тайёркунии шинаҳо,протезҳо ва дастгоҳҳо дифоъ карда шуд. Ҳайати гурӯҳ ҳамроҳ бо Донишкадаи химияи Академияи илмҳо 5 патенти ихтироот барои пешниҳод намудани хӯлаҳо дар асоси алюминии махсусан тоза ба даст оварданд,ки бо диплом ва нишони тиллоии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИДШС қадр карда шуд.
Соли 1994 аввалин хатмкунандаи факултети стоматологии ДДТТ, номзади илмҳои тиб,дотсент Шарипов Саидҷон Муродович ба вазифаи мудири кафедра тайин ва соли 1995 интихоб гардид. Ӯ солҳои 1995-2008 ва 2012 -2016 мудири кафедра буд., Солҳои 2008-2012 ва 2016-2017 вазифаи мудири кафедраро н.и.т.,дотсент Сабуров С.К. ба ӯҳда дошт. Аз соли 2017 ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои тиб,дотсент Зарипов А.Р. таъин гардид.
Дар кафедра д.и.т., профессорон И.С.Соатов ва З.А.Назаров, н.и.т.Х.К.Ахмедов, М.Ю. Одилов, В.Г. Абоев, У.М. Муродов, Ш.И. Юлдошев, И.К. Малангов кор мекарданд. Инчунин, ассистентон И.А. Ашанин, М.А.Бурак, Л.Н. Ли, Х.Ш. Ҷаббарова, В.К.Тю, Л.А. Якубова, Л.П. Заирова, З.Х.Юнусова, Муродов Б.К. ва диг. фаъолият карданд.

Гузариш ба саҳифаи: