Коронавирус – масъалаи мубрами рӯз
Дар кафедраи стоматологияи ортопедӣ рӯзи 08.04.2020 бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курсхои 2 - 4-уми факултети стоматологӣ ҷамъомад дар мавзӯи «Коронавирус – масъалаи мубрами рӯз» баргузор гардид. Дар ҷамъомад мудири кафедра н.и.т.,дотсент Зарипов А.Р. суханронӣ намуда оиди хусусиятҳои коронавирусҳо ва роҳҳои пешгирии он ибрози ақида намуд. Аз ҷумла, ӯ қайд намуд: Хушбахтона то имрӯз дар Тоҷикистон коронавирус COVID 19 ба қайд гирифта нашудааст ва Ҳукумати ҶТ тамоми чораҳоро баҳри пешгирӣ намудани ин бемории аср роҳандозӣ намуда, баҳри солимии миллат ҳамеша дар талош аст. Тамоми тадбирҳое,ки дар сарҳадҳои Ҷумҳурӣ, беморхонаҳо ва муассисаҳои тандурустӣ андешида мешаванд ба хотири пешгирӣ намудани паҳншавии ин беморӣ мебошад.
Коронавирусҳо оилаи васеи вирусҳоро бо хусусиятҳои бемориовари собитшуда барои инсон ва ҳайвон ташкил медиҳанд. Маълум аст, ки як қатор коронавирусҳо қодиранд дар одам сироятҳои респираториро аз шамолхӯрии одӣ то ҳолатҳои вазнинтар, аз қабили синдроми респиратории Шарқи Наздик (MERS) ва синдроми шадиди вирусии респираторӣ (SARS) падид оранд. Коронавируси охирӣ, ки ба қарибӣ кашф гардид, бемории COVID 19-ро ба вуҷуд меорад.
COVID 19 бемории сироятиест, ки коронавируси охирини ба қарибӣ кашфгардида ба вуҷуд овардааст. То хурӯҷи сироят дар шаҳри Уҳани Хитой дар моҳи декабри соли 2019 дар бораи вирус ва бемории нав чизе маълум набуд.Ба аломатҳои бештар паҳншудаи COVID 19 баландшавии таб, хасташавӣ ва сулфаи хушк тааллуқ доранд. Дар як қатор беморон метавонанд дардҳои гуногун, маҳкамшавии димоғҳо, назла (обравӣ аз бинӣ), фарингит ё диарея қайд гарданд. Одатан ин аломатҳо тадриҷан инкишоф ёфта, суст ифода меёбанд. Дар баъзе шахсони сироятшуда ҳеҷ аломате пайдо намешавад ва онҳо худро бад ҳис намекунанд. Дар бештари ҳолатҳо (наздики 80%) беморҳо шифо меёбанд, дар зимн чорабиниҳои махсуси муолиҷавӣ талаб намешаванд. Тахминан дар яке аз шаш ҳолати COVID-19 аломатҳои вазнин бо инкишофёбии норасоии нафас мушоҳида мешаванд. Дар одамони солхӯрда, ҳамчунин шахсони дорои бемориҳои соматикӣ, масалан гипертензияи шарёнӣ, маризиҳои дил ё диабет, эҳтимоли вазнин ҷараён гирифтани беморӣ баландтар аст. Дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардан мебояд.Бо COVID-19 аз одамони дигар сироят ёфтан мумкин аст, агар онҳо бо вирус сироят шуда бошанд. Беморӣ қодир аст аз одам ба одам ба воситаи қатраҳои хурд, ки аз бинӣ ё даҳони бемори гирифтор ба COVID 19 ҳангоми сулфидану атсазанӣ ҷудо мешаванд, гузарад. Ин қатраҳо ба ашё ва сатҳҳое, ки одамро иҳота мекунанд, меафтанд. Одамони дигар метавонанд дар натиҷаи расиш аввалан ба ашё ва сатҳҳои мазкур, баъдан ба чашмон, бинӣ ё даҳон сироят ёбанд. Ғайр аз ин, сироятёбӣ метавонад ҳангоми нафас гирифтани қатраҳои хурд, ки вақти сулфа ё атсазании одами дорои COVID 19 ҷудо мешавад, анҷом ёбад. Аз ин сабаб аз шахси бемор масофаи бештар аз 1 метрро риоя намудан муҳим аст.ТУТ рафти тадқиқотро оид ба роҳҳои интиқоли COVID 19 пайгирӣ мекунад ва иттилоотро бо мурури навшавии он дастраси ҷомеа мегардонад.
Мувофиқи маълумоти илмии мубрам, омили нисбат ба ҳаво бештар муҳими интиқол маҳз қатраҳои хурд мебошанд, ки аз роҳҳои нафас ҷудо мешаванд. Вирус асосан тавассути қатраҳо, ки аз роҳҳои нафаси одам вақти сулфидан ё атса задан ҷудо мешавад, паҳн мегардад. Хавфи сироятёбӣ аз одаме, ки ягон аломат надорад, ниҳоят паст аст. Аз тарафи дигар, дар бисёр одамон аломатҳои COVID-19 хеле суст ифода меёбанд. Ин ҳолат хусусан хоси марҳилаҳои барвақтии беморӣ аст. Ба ин тариқ, хавфи гузариши COVID-19 аз касе, ки худро бемор ҳис намекунад ва танҳо месулфад, вуҷуд дорад. ТУТ рафти тадқиқотҳои ҷориро оид ба фосилаи вақте, ки дар давоми он шахси бемор қобили сирояткунӣ боқӣ мемонад, пайгирӣ менамояд ва маълумотро бо мурури навшавии он дастраси ҷомеа мегардонад.Ба назар мерасад, ки хавфи сироят кардани COVID-19 тавассути наҷосати шахси сироятшуда кам аст. Мувофиқи маълумоти тадқиқотҳои пешакӣ, вирус дар як қатор ҳолатҳо метавонад аз наҷосат пайдо карда шавад, аммо ин навъ механизми интиқол дар хурӯҷи ҳозираи беморӣ нақши асосӣ надорад. ТУТ натиҷаҳои тадқиқотҳои идомаёбандаро доир ба масъалаи интиқоли COVID-19 меомӯзад ва иттилоотро бо мурури навшавии он ба табъ хоҳад расонд. Ин гуна хавфро набояд комилан истисно кард ва ин бори дигар муҳимияти мунтазам шустани дастҳоро баъди истифода аз ҳоҷатхона ва пеш аз хӯрокхӯрӣ собит мекунад.Иттилооти рӯзмарраро оид ба хурӯҷи беморӣ, ки аз веб-сомонаи ТУТ пайдо кардан, ҳамчунин аз намояндагони сатҳи миллӣ ва маҳаллии хадамоти ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ гирифтан мумкин аст, пайгирӣ намоед. Дар бисёр кишварҳои дунё ҳодисаҳои сироят бо COVID 19 ва дар баъзе кишварҳо хурӯҷи беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳукумати Чин, ҳамчунин ҳукуматҳои як қатор кишварҳои дигар, ки дар онҳо хурӯҷи беморӣ қайд шуда буд, ба паст кардани шиддати паҳншавии беморӣ ё комилан қатъ намудани он ноил гардиданд. Бо вуҷуди ин, вазъ ҳанӯз хам пешгӯинашаванда боқӣ мемонад, аз ин сабаб аз навигариҳои охирин бохабар будан зарур аст.
Тадбирҳои оддии зеринро риоя намуда, шумо метавонед хавфи сироятёбӣ ё паҳншавии COVID 19-ро коҳиш диҳед:
Мунтазам дастҳоятонро бо маҳлулҳои спиртдор пок кунед ё бо собун шӯед.
Аз одамоне, ки сулфа ва атса мезананд, масофаи на кам аз як метрро риоя намоед.
Ҳангоми сулфа ва атсазанӣ аз даҳон ва бинӣ қатраҳои хурдтарини вирусдор ҷудо мешаванд, ки одам дар атрофи худаш паҳн мекунад. Ба ин гуна шахс аз ҳад зиёд наздик истода, шумо худро ба хавфи нафас гирифтани ин қатраҳо ва сироят ёфтан аз ӯ, аз ҷумла бо сирояти коронавирус, агар ӯ ба COVID-19 гирифтор бошад, дучор менамоед.
Мувофиқи имкон, ба чашмон, бинӣ ва даҳон даст нарасонед.
Ҳам шумо ва ҳам атрофиён бояд қоидаҳои беҳдошти респираториро риоя намоед. Барои ин бо хами оринҷ ё дастмол ҳангоми сулфа ва атсазанӣ даҳон ё биниро пӯшондан лозим аст. Дастмоли истифодашударо дарҳол партоед.
Агар худро бад ҳис кунед, дар хона бимонед. Ҳангоми баландшавии таб, пайдо шудани сулфа ва нафаскашии душвор ҳарчи зудтар барои ёрии тиббӣ муроҷиат намоед. Дастурҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи тандурустиро риоя намоед.
Тағйиротро дар рӯйхати минтақаҳои дорои хавфи баланди сирояти COVID 19 (шаҳр ё навоҳие, ки дар онҳо васеъ паҳн гардидани COVID 19 ба қайд гирифта шудааст) пайгирӣ намоед. Мувофиқи имкон аз сафарҳо худдорӣ кунед, алалхусус агар шумо одами солхӯрда ё ин ки гирифтори диабет, бемориҳои дил ё шуш бошед.Агар шумо нотобиро ҳис карда бошед, ҳатто агар аломатҳои беморӣ дар шумо сабук, масалан бо дарди сар, ҳарорати баланди бадан (37,3°C ё зиёдтар) ва ё каме обравӣ аз бинӣ ифода ёбанд, то шифо ёфтан дар хона бимонед. Агар шумо аз касе хоҳиш кунед, ки ба шумо озуқаворӣ орад ва бароятон ба мағоза равад, аз ниқоб истифода баред, то ки одами наздатон меомадаро сироят накунед.Агар шумо ба таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор дучор шуда бошед, муроҷиатро барои ёрии тиббӣ ба таъхир наандозед, зеро аломатҳои мазкур метавонанд нишонаи сирояти роҳҳои нафас ё дигар бемории ҷиддӣ бошанд. Фавран ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намуда, ба мутахассиси тиб дар бораи сафарҳои охирини худ ё алоқаҳоятон бо шахсони сафаркарда маълумот диҳед. Дар охир, мудири кафедра аз ҳозирин ҳоҳиш намуд,ки дар мубориза бар зидди масъалаи ҷиддии имрӯза,ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст бетараф набошанд ва ҳамчун кормандони соҳаи тандурустӣ донишу малакаҳои худро дареғ надоранд.
Мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ, н.и.т.,дотсент Зарипов А.Р.
11.04.2020
633