Хиёнатпешаро бахшиш нашояд!

Хиёнатпешаро бахшиш нашояд!

Мувофиқи супориши ректори донишгоҳ кормандони кафедраи стоматологияи ортопедӣ - мудири кафедра, н.и.т.,дотсент Зарипов А.Р., дотсент Шарипов С.М., ассистентон: н.и.т. Қувватов Х.Р., д.и.т. Султонов М.Ш., Маҳмудов М.М., Аминов П.О., ассистентони коромӯз Ҳамидов А.И., Қодиров И.К., Муродов А.Х., лаборанти калон Қурбонова Ш.Ҷ. бо донишҷӯёни курси 5-ум гурӯҳҳои 1–ум ва 2-юми факултети стоматологӣ қисми 3юму -4–уми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро тамошо карданд.

Баъд аз поёни филм устодон н.и.т.,дотсент Зарипов А.Р., дотсент Шарипов С.М ва донишҷӯ Худойдодов М. фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Аз xумла, мудири кафедра қайд намуд:

- Донишҷӯёни азиз! Аз тамошои филми «Хиёнат» дарк намудед, ки то ҳол ҳастанд нафароне, ки ба оромии ҷомеаи мо ҳалал мерасонанд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама вақт ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва баҳри барои гулгулшукуфоиву ободонии диёрамон саҳми босазои худро гузорем. Баҳри ободии диёри биҳиштосоямон саъю кушиш намуда, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд. Шукронаи ин Ватани ободу зебо кунем. Чи хеле, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои хеш таъкид ба он менамоянд, “ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем ва онро пос дорем.   

Мо - устодон аз шогирдон хоҳиши онро дорем, ки ҳар як порчаи замини диёри хешро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ба халқу Ватани худ содиқ бошанд ва баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши худ саъю кeшиш намоянд.

Мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ, н.и.т., дотсент  -  Зарипов А.Р. 

Мутассадӣ оид ба тарбия ассистент  -  Хамидов А.И.

11.03.2021     359

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php