КАФИЛИ СУЛҲУ ОРОМИСТ ПЕШВО

 КАФИЛИ  СУЛҲУ  ОРОМИСТ  ПЕШВО

Дар кафедраи стоматологияи ортопедии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки кормандони кафедра, ординаторони клиникӣ, табиб-интернҳо ва донишҷӯёни курсҳои 3-5–уми факултети стоматологӣ маҷлис дар мавзӯи «Кафили сулҳу оромист Пешво» баргузор гашт.

Маҷлисро мудири кафедра дотсент Зарипов А.Р. ифтитоҳ намуд. Ӯ сухани худро бо чунин мисраҳо оғоз намуд:

     Аниси тоҷикони рӯи дунё

     Кафили сулҳу оромист Пешво.     

Ҳозирини гиромӣ! Ғояи сулҳ, оштии миллӣ, авфу ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳои Роҳбари давлат буданд, ки аз рӯзи аввали интихоб шуданашон ба миён гузоштанд, ки минбаъд низ ҷавҳари асосии тамоми барномаи  фаъолияташонро ташкил намудааст. Мо, имрӯз ифтихор аз он менамоем, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъ эътироф карда, мавриди омӯзиш қарор додааст.

Рӯзи Президент санаи навест, дар таквими ҷашну маросимҳои расмии Тоҷикистон ва якчанд сол аст, ки он  таҷлил мегардад. Ин рӯзро, бо итминон, рӯзи сидқу вафо ба миллату давлат номидан мумкин аст. Рӯзи Президент бо пешниҳоди парлумони кишвар, ба хотири  арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Президенти кишварамон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидааст. Тавре таърихи навини Тоҷикистон гувоҳ аст, 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16 -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоиҷкистон дар шахри Хучанд доир гардид ва дар ҷараёни кори он мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 Президенти кишварамон интихоб гардиданд.

Тӯли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихӣ дучор  ва  ба санҷишҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст. Тоҷикистон аз як кишваре, ки қариб нобуд ва иқтисодиёташ ба вартаи марговар дучор гардида буд, имрӯз ба як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни мамлакатамон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Зиёда аз 2500 адад корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, маданиву маишӣ, фарҳангиву фароғатӣ, бунёди биноҳои пурарзиш, мактабҳои олӣ, муассисаҳои томактабӣ бо таъсиси беш аз 90 ҳазор ҷойҳои корӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Сулҳу осоиштагӣ тавонист рушди босуботи ҳамаи бахшу соҳаҳои кишварро таъмин намояд ва ин бо шарофати пойдории Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадааст.

Албатта, ташаббусҳои Президенти мамлакат дар таҳкими пояҳои Истиқлолият ва эҳёи давлати навини тоҷикон хеле бузург аст ва ин ташаббусҳо барои сарнавишти миллату давлати мо аҳамияти муҳиму аввалиндарҷа  доранд, аз ҷумла:

1. Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, давлатдории миллии  тоҷиконро аз нав эҳё намуданд. Мухтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар вазъияте роҳбари давлат интихоб гардиданд,ки Тоҷикистонро ҷанги ҳамватанӣ фаро гирифта буд, ва хавфи аз байн рафтани миллат ба миён омада буд. Дар он лаҳзаҳо максади асосии Роҳбари давлат пеш аз ҳама хомуш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз парокандагию бадбахтӣ буд. Дар  ҳаққиқат Сарвари давлат вазифаи таърихии хешро иҷро намуд.

2. Талошҳои Сарвари давлат баҳри нигоҳ доштани тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягонаи мустаъқил мебшад. Дар солҳои аввали Истиқлолият баъзе аз неруҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва сиёсатмадорони мансабталоши дохилӣ накшаи тақсим намудани кишвар ва аз он ҷудо кардани баъзе аз ноҳияву вилоятҳоро доштанд. Хушбахтона, бо шарофати иродаи қавӣ ва муносибати ҷиддии Роҳбари давлат тамомияти арзиву ҳудудии Тоҷикистон таъмин гардид.

3. Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, дар муддати кӯтоҳ системаи мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор, рукнҳои ва ниҳодҳои асосии давлатдориро эҳё намуданд. Маълум аст, ки дар даврае, ки Тоҷикистон нав соҳибистиқлол гардида буд, мақомот ва дигар ниҳодҳои давлатӣ фалаҷ гардида, кори бонизоми худро аз даст дода буданд. Ин вазъият бо хатари аз харитаи ҷуғрофии ҷаҳон  нест шудани Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳдид мекард. Хушбахтона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати кӯтоҳтарини вакт тавонистанд, ки органҳои конститутсионии давлатдорӣ ва ниҳодҳои фалаҷшудаи давлатро аз нав барқарор намоянд. 

Сипас ассистенти кафедра, н.и.т. Ќувватов Х.Р. баромад намуда, афзуд: Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат халқи тоҷик тавонист оташи ҷангро хомӯш намояд ва ба Ваҳдати миллӣ расад.

Дар вазъияти бисёр ҳассоси сиёсӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун шахсияти дорои хусусиятҳои баланди роҳбарикунанда нишон дода, ҳамчун Пешво шинохта шуданд. Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби Пешвои миллӣ гардида, таърихи давлатдории мо мазмуни нав гирифт.

Бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ҳадафи асосии мо мебошад. Аз рӯзи аввали интихобшуданашон ин идея меҳвари роҳи ояндаи мамлакат таъкид шуд. Дар ин давра ба давлати мо муяссар гардид, ки як силсила усулҳои низоми демократиро, аз ҷумла, асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, мохияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, мукаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, фаъолияти парлумони касбӣ, дахлнопазирии моликияти шахсӣ, таъмини адолати судӣ, баробарҳуқуқӣ, озодии виҷдон дар матни Конститутсияи кишвар, асоси устувори қонунӣ бахшад.

Чунончи, ассистенти кафедра Маҳмудов М.М. суханронӣ намуда, ќайд кард: - Дар давраи Истиқлолият ба Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ҷанбаҳои ҳаётии Ваҳдати миллиро ба вуҷуд оранд. Бунёди роҳхои автомобилгард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ, ва дигар корҳои бузург ба сомон расонида шуданд. Роҳи оҳани Курғонтеппа-Кулоб, роҳи мошингарди Кулоб-Хоруғ-Қулма-Қароқум, нақбҳои Шаҳристон, Истиқлол, Шаршар, Чормағзак, хатти баландшиддати 500 КВт, интиқоли барқи Ҷануб-Шимол ва ғайра сохта шуданд.

Тули солҳои истиқлолият соҳаҳои асосии хоҷагии халқ аз нав эҳё шудаву ҷомеаи Тоҷикистон аз бӯҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ берун омад.

Бо талошҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба худшиносии миллӣ расид ва тайи ин солҳо Пешвои миллат дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва руҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузоштанд. Бо максади эҳё намудани хотираи таърихи миллат бо супориши бевоситаи Роҳбари давлат, як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат - Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Хаким Фтрдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ арҷгузорӣ шуданд ва ҷашнҳои бошукуҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи байналмилалӣ доир карда шуд.

Дар охир мудири кафедра суханронӣ намуда, ќайд кард, ки дар ҳақиқат маҳз кӯшишҳои Пешвои миллат -  Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ қувваи сиёсӣ, аз ҷумла гуруҳҳои низоъангез, ки дастовардҳои Тоҷикистонро мудом нодида мегиранд, ҳуќуќ надоранд мавҷудияти Тоҷикистон, пойдории Истиклолияти Тоҷикистон ва ягонагии Тоҷикистонро инкор намояд, зеро мо ба ин роҳ намедиҳем! 

    Ҳозирини гиромӣ! Чи тавре, ки ба ҳамаамон маълум аст, дар пеш маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст ва мо бояд фаъолона дар он иштирок намуда, ба тарафдории номзади сазовор овоз диҳем. Ба ҳамон номзаде, ки ба қавли шоир:

Сулҳ эҷод бикард, мулк обод бикард,

Ору номус, ки дошт ориён шод бикард.

Ман боварии комил дорам, ки халќи куҳанбунёди тоҷик ба тарафдории номзади арзанда овоз медиҳад.

 

Кафедраи стоматологияи ортопедии МДТ

“ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

 

24.09.2020     507

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php