Корҳои таълимӣ.


Мутасаддии қисми таълимии кафедра ассистент Аминов П.О. мебошад. Дар кафедраи стоматологияи ортопедӣ донишҷӯёни курсҳои 2-5,ординаторони клиникӣ ва интернаҳои факултети стоматологӣ таҳсил мекунанд. Дар маркази таълимию клиникӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда барои қабули амбулатории беморони профилӣ,озмоишгоҳи дандонсозӣ, ҳуҷраҳои рентгенологӣ ва физиотерапевтӣ вуҷуд дорад. Дар кафедра 12 ҷойи кори фантомӣ ва 6 ҳуҷраи таълимӣ ташкил карда шудааст. Омӯзиши фан бо забони англисӣ ба нақша гирифта шудааст.
Донишҷӯён дар охири курси 3-юм санҷиши назариявӣ,дар охири курси 4-ум имтиҳони гузариш ва дар охири курси 5-ум имтиҳони давлатӣ месупоранд. Донишҷӯёни курси 2-юм аз семестри баҳорӣ ба системаи кредитии таълим гузаштанд,ки мувофиқи нақшаи таълимӣ дар давоми семестр 2 маротиба (дарси 8-ум ва 16-ум) санҷиши фосилавиро (рейтинги 1 ва 2) дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ месупоранд.Дастурҳои таълимӣ-методӣ ва тавсияҳо оиди ҳамаи қисмҳои стоматологияи ортопедӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои донишҷӯён, магистрҳо ва ординаторони клиникӣ омода мебошад. Кормандони кафедра китобҳои дарсии «Стоматологияи ортопедӣ», «Масолеҳшиносии амалӣ» ва дастури таълимии «Имплантологияи денталӣ»-ро бо забони тоҷикӣ нашр намудаанд.

Гузариш ба саҳифаи: