Маҳфили илмии донишҷуён дар кафедра.


Мутассадии кори маҳфили илмии донишҷӯён дар кафедра ассистент Хакимова З.С. мебошад. Аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён дар якҷоягӣ бо кормандони кафедра дар коркарди мавзӯи илмии кафедра фаъолона иштирок менамоянд.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқот мақолаҳои илмӣ, тезисҳо ва презентатсияҳо омода намуда дар конференсияи солонаи олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино инчунин дар форумҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар ширкат меварзанд.
25-26 апрели соли 2013 дар Москва (Донишгоҳи Якуми давлати тиббии Москва ба номи И.М. Сеченов) конференсияи илмии Умумироссиягии донишxeён бо иштироки байналмиллалӣ «Баҳори тиб» ҷараён гирифт. Роҳбари илмӣ д.и.т. Ҷураева Ш.Ф. 4 баромад тайёр намуданд. Ба донишҷӯи курси 3 Бахром Латифӣ дипломи ғолибият ба хотири беҳтарин маърӯзаи илмӣ дар бахши «Стоматология» супурда шуд.
Дар моҳи сентябри соли 2013 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино олимпиадаи байналмиллалии стоматологҳои ҷавон гузаронида шуд. Дар олимпиада донишҷӯёни факултети стоматологӣ аз 5 муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон ва Кирғизистон иштирок намуданд. Донишӯёни факултети стоматологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷойи 2-ро сазовор гаштаанд.
24-26 октябр 2013 сол дар Москва олимпиадаи байналмиллалӣ гузашт ва ординаторони клиники кафедраҳои тахасуси (3 нафар) ҷойи 2 сазовор гаштаанд.
Дар моҳи октябри соли 2014 дар Москва (Донишгоҳи Якуми давлати тиббии Москва ба номи И.М. Сеченов) олимпиадаи илмии Умумироссиягии донишҷӯён бо иштироки байналмиллалӣ бо роҳбари илмӣ д.и.т. Ҷураева Ш.Ф. 3 нафар донишҷӯёни факултети стоматологӣ ҷои 3-ро ишғол намудаанд ва маърӯзаи илмии онҳо беҳтарин хисобида шуд.
Дар санаи 25 марти соли 2016 дар Донишгоҳи Якуми давлатии тиббии Москва ба номи И.М. Сеченов олимпиадаи ІV-уми умумируссиявии донишҷӯён бо иштироки байналмиллалӣ аз фанни пропедевтикаи стоматологӣ дар мавзуъи «Қадамҳои аввалин дар стоматология» бо роҳбари н.и.т. Тохтаходжаева С.Т. донишҷӯи курси 2-юми факултети стоматологӣ Муроди Амон иштирок намуда, дар номинатсияи «Президент - сарпарастори олимпиада» ғолиб гардид.
Дар санаи 31 марти соли 2017 дар Донишгоҳи Якуми давлатии тиббии Москва ба номи И.М. Сеченов олимпиадаи ІV-уми умумируссиявии донишҷӯён бо иштироки байналмиллалӣ аз фанни пропедевтикаи стоматологӣ дар мавзуъи «Қадамҳои аввалин дар стоматология» бо роҳбари н.и.т. Тохтаходжаева С.Т. донишҷӯи курси 2-юми факултети стоматологӣ Мулоджонова Нодирабегим иштирок намуда, дар номинатсияи «Президент - сарпарастори олимпиада» ғолиб гардид.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php