Саҳми занон дар рушди илм

Саҳми занон дар рушди илм

Бо ҳамин суханҳо 11 феврали соли ҷорӣ шашумин конференсияи илмӣ-назариявии "Саҳми занон дар рушди илм"  бо тантана ва шукуҳи баланд гузаронида шуд. Ин конференсия ҳамасола бо ташаббуси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мешавад.

Мисли ҳамеша дар конференсия олимаҳо ва занони фаъоли ҷомеаи имрӯза бо маърӯзаҳо ва кашфиётҳои худ баромад намуданд.

Аз ҷумла, фаъолони кумитаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳи давлатии тиббии Точикистон бо роҳбарии дотсент Ҳоҷиева Г.Б.  дар конференсия фаъолона иштирок намуданд. Ординатори клиникии соли аввали кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия Турсунова Ҳадиса бо баромади худ дар мавзӯи " К вопросу об информативности родителей о стоматологических заболеваний и  востребованности детских стоматологов" соҳиби сипосномаи фахрии кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва сертификат гашт.

13.02.2019     760

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php