Кори табобатии кафедра


Ҳамаи кормандони кафедра дар корҳои муолиҷавию машваратдиҳӣ иштирок менамоянд. Шахсоне, ки якум маротиба барои ташхис ва табобат ба МҶКН ба номи проф. М. Ғ.Ғуломов ва МҶКБР дохил мешаванд, аз ҷониби мудири кафедра проф. Шарапова Н.М. дида баромада мешаванд. Мудири кафедра Шарапова Н.М., ассистентон Кадырова З.Д., Кокнаева Е.И. дар гузаронидани экспертизаҳои судию равонпизишкӣ, судию наркологӣ, ҳарбӣ иштирок менамоянд. Имрӯз дар кафедра 3 интерни клиники таҳсил мекунанд. Дар кафедра курсҳои такмили ихтисоси мавзуи аз рӯи барномаи “Наркология” ва “Психиатрия” фаъолият доранд. Кормандони кафедра дар давраи ҳисоботи дар таҳияи протоколҳои клиникӣ барои статсионарҳои психиатрӣ ва наркологӣ, гузаронидани машваратҳои беморон дар корвонҳои саломатӣ тибки фармонҳои Вазорати тандурусти ва ҳифзи ичтимоии ахолии ҶТ иштирок карданд. Кормандони кафедра дар тарғиби донишҳое, ки барои муҳофизати саломатии рӯҳӣ, профилактикаи нашъамандӣ дар байни аҳолӣ, тавассути баромад намудан дар воситаҳои аҳбори омма иштирок менамоянд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php