Рӯзи Артиши миллӣ

Рӯзи Артиши миллӣ

Эй Ватан номи ту дунёи ман аст,

Қуллаҳоят сари болои ман аст,

Гар ба ҳифзат надиҳам чону танам,

Намакат заҳр шавад дар баданам.

23-феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пӯшида нест, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоем ва ҳарчи бештар дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Чорабинӣ таҳти шиори “Ҳомиёни Ватан сипари боэътимоди давлатанд”, дар кафедраи психиатрия ва психологияи тиббии ба номи проф. М. Ғ. Ғуломов, барои донишҷӯёни гурӯҳҳои 3-4-уми курси панҷуми факултаи тиббӣ баргузор гардид. Ташкилкунандаи чорабинӣ ассистенти кафедра З.Д. Кадырова буда, дар он ассистентони кафедра Назимов А. А., Тағоев А. А., Хакимов В. Б., Назаров А. А. низ иштирок карданд.

Донишҷӯи гурӯҳи 4-и курси 5-ум аз факултаи тиббӣ Ҳалимзода Матлуба маърӯзаи пурмазмуну ҷолибе ба ҳозирин пешниҳод намуд. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои артиш ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мукунад. Артиши ҷавони Тоҷикистон хусусан дар солҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

        Рӯзи Артиши Миллӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар як қатор кишварҳои пасошӯравӣ низ ҷашн гирифта мешавад.

        Имрӯз Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, зеро ҷавонони бонангу бономус, родмандони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодии мо мебошанд.

        Мо, кулли кормандони кафедраи психиатрия ва наркология ба номи профессор Ғуломов М. Ғ. бо ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамадунсози худ ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор 28 –умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон муборакбод мегӯем.

Мудири кафедраи психиатрия ва психологияи тиббии ба номи проф. М.Ғ.Ғуломов д.и.т.,проф.  Н.М.Шарапова 

Мутассадӣ оид ба тарбия Ш.С.Маҳмадназаров

23.02.2021     571

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php