Эҳтироми падару модар қарзи фарзандӣ

Эҳтироми падару модар қарзи фарзандӣ

Ба пири хидмати модар, падар кун,

Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун!

Ки парвардаст модар дар канорат,

Падар буд солҳо тимордорат.  

Ҳар фарзанди солиму солеҳ, ҳар фарзанди мӯъмину мусалмон, ҳар фарзанди болиғу қобили меҳнат бояд ҳамеша дастёру мададгори волидон бошад. Ба хусус замоне, ки онҳо пиру нотавону дардманд мегарданд, фарзанд бояд хидмати ишонро ба ваҷҳе накӯ ва шойиста анҷом бидиҳад. Набояд фаромуш кунем, ки модар моро бо сад ормону орзу, бо нозу муҳаббату меҳрабонӣ дар канори муаттару оғӯши гарми хеш парвардаву падар ҳамеша ғамхору тимордорамон буда.

Мувофиқи нақшаи корҳои таълимӣ - тарбиявии Кафедраи психиатрия ва психологияи тиббии ба номи профессор Ғуломов М. Ғ. санаи 7 декабри соли 2020 бо донишҷӯёни курси 5 факултаи педиатрӣ гурӯҳи 1 чорабинии иттилоотӣ - тарбиявӣ дар мавзӯи: Эҳтироми падару модар қарзи фарзандӣ. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд. Ташкилкунанда ва маърӯзагар ассистенти кафедра В. Б. Ҳакимов ва донишҷӯ Мавлянов В.

Чуноне ки дар боби сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст: Ӯҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар.

Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар

1. Фарзанди болиғу қобили меҳнат ӯҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд.

2. Дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Инсон аз лаҳзаи таваллуд то лаҳзаи марг дар маркази як секунҷае ҷойгир аст, ки аз он секунҷа ҳаргиз берун баромада наметавонад. Дар кунҷи аввали секунҷа оила, дар кунҷи дуввум мактаб ва дар кунҷи саввум ҷомеа ҷойгир аст. Мо дар оила тавлид мешавему ба воя мерасем, дар мактаб таълиму тарбия мегирем, дар ҷомеа чун шахсият шинохта мешавем ва чун шахси соҳибмаълумоту комилҳуқуқ кору фаъолият мекунем.

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,

Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.

Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,

Ки ба умеде дар пирӣ писар дасти падар гирад. 

Мудири кафедраи психиатрия ва

психологияи тиббии ба номи проф.

М. Ғ. Ғуломов д.и.т., проф.   -  Н. М. Шарапова 

Мутассадӣ оид ба тарбия   -  Ш. С. Маҳмадназаров

07.12.2020     13715

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php