VI-умин ассамблеяи оториноларингологони Евросиё
Санаҳои 27-28-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон VI-умин ассамблеяи оториноларингологони Евросиё баргузор гардид. Дар қатори ҳайати иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ассистентони ҷавони кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ Адылова Ф.Х., Муродов Ш.Д., Назаров З.Ҳ. ва Шоев М.Д. ширкат варзиданд. Намояндагони кафедра дар сексияи олимони ҷавони ассамблея бо чаҳор маъруза баромад намуда, мактаби бузурги устод Юсуф Баширхонович Исҳоқиро муаррифӣ намуданд.
Умедворем, ки ҷавонони кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ дар оянда низ дар конфронсҳои илмии дохилу хориҷи кишвар баромад намуда, обрўи донишгоҳ ва ватани азизаморо баланд мебардоранд.
Мудири кафедара
н.и.т., дотсент Маҳмудназаров М.И.
03.10.2019
642