Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 26-уми декабри соли ҷорӣ дар толори лексионии кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ устодону омӯзгорон, кормандони клиника, ординаторон, интернаҳои клиникӣ ва донишҷуёни курси 5-уми факултети тиббӣ бо ҳайати пурра пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути оинаи нилгун тамошо намуданд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Баъди анҷоми намоиш он нуктаҳое, ки доир ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла мудири кафедра н.и.т., доссент Маҳмудназаров М.И. ин супоришҳоро амри зарурӣ ва саривақтӣ номида, зикр намуданд, ки барои рафъи мушкилоту норасогиҳои ҷойдошта мо бояд дар якҷоягӣ камари ҳиммат баста аз пайи ислоҳи он шавем. Бояд насли ҷавонро чунон тарбия намоем, ки ба халқу миллати хеш содиқона хидмат намоянд. Тарбия ва ба воя расонидани мутахасисони саландихтисоси соҳа аз кӯшишу талошҳои мо омӯзгорон вобастагии калон дорад. 
 Ассистент оид ба тарбия н.и.т. Аҳророва З.А. 

 Мудири кафедра н.и.т., дотсент Маҳмудназаров М.И.

27.12.2019     693

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php