Таърихи кафедра


Кафедраи бемориҳои чашм (офталмология) пас аз дар ш. Сталинобод соли 1939 таъсис ёфтани Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, соли 1942 фаолияти худро оғоз намудааст. Аввалин мудири кафедра профессор Л.Ф. Парадоксов интихоб карда шуд ва ӯ то соли 1954 роҳбари кафедра буд. Ташкил намудани кафедра дар пешравии хизматрасонии баланду босифати офталмологӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла барои тайёр намудани нахусткарҳои маҳаллӣ дар соҳаи бемориҳои чашм, яъне таҳсили донишҷуён, такмили ихтисоси табибон нақши муҳим гузошт. Дар он вақт кафедра дар дохили шуъбаи бемориҳои чашми беморхонаи шаҳрии №1 ҷойгир шуда буд, ки ҳамаги дорои 45 кат буд.
Дар ин давра бо заҳмати кормандони кафедра яке аз бемориҳои сироятии чашм трахома дар ҷумҳурӣ ба пуррагӣ аз байн бурда шуд.
Солҳои 1954-1973 роҳбарии кафедраро д.и.т., профессор Веда Борисовна Гефт ба уҳда дошт. Дар давраи мудирии профессор Гефт В.Б. 6-то рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст, ки 2-тои он зери роҳбарии худи ӯ буд (Аҳророва З.Д. с. 1971 Мазабшоев А.М. с.1975). Инчунин, дар ин давра ҷарроҳиҳои нав, аз қабили криоэкстраксияи катаракта, склеренклейзис, склеродиализ, криотермияи ҷисми мижгон ва усулҳои нави физиотерапевтӣ дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуданд.
Соли 1964 беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3 (БКҶ № 3), (ҳоло МД ММТ ҶТ “Шифобахш”) таъсис ёфт, ки кафедра ба он ҷо гузашт. Дар баробари кушодашавии беморхона се шуъба: 1-ум садамаи чашм, 2-юм глаукоматозӣ ва 3-юм шуъбаи кӯдаконаи бемориҳои чашм кушода шуданд, ки миқдори катҳояшон ба 120 то расониданд.
Солҳои 1973-1991 мудирии кафедраро д.и.т., професссор Вовси Белла Марковна ба уҳда дошт. Дар давраи роҳбарии Вовси Б.М. донишҷӯёни факултети стоматологӣ ва инчунин, курсҳои такмили ихтисос низ ба таҳсил фаро гирифтанд. Воҳидҳои кории кафедра аз ҳисоби мутахассисони нав – номзадҳои илми тиб: Мазабшоев А.М., Галперин И.М., Черепов В.Е., Серобян А.А., Зеленская Н.П., Туманова А.Л. ва инчунин, докторони илми тиб: Аҳророва З.Д., Усмонова И.М. пурра гардид, ки дар навбати худ ҳамаи онҳо дар шуъбаҳои бемориҳои чашм ҳамчун куратор ва духтури табобатӣ фаъолият менамуданд.
Аз соли 1973 дар кафедра курсҳои такмили ихтисоси табибони чашм низ ба роҳ монда шуд, ки то имрӯз идома дорад.
Дастрас намудани таҷҳизоти офталмологӣ: дастгоҳҳои лазерӣ, реоофталмограф, сферопериметр, эхоофталмограф ва ғ., доруҳои нав; ферментҳо, антибиотикҳо, ситостатикҳо ва ғ., сатҳи корҳои таълимӣ, илмӣ ва табобатии кафедраро баланд бардоштанд.
Бо ташаббуси Вовси Б.М. марказҳои ҷумҳуриявии лазерӣ, садамаи чашм ва бемориҳои турпарда таъсис дода шуданд.
Солҳои 1991-2011, роҳбарии кафедраро д.и.т., профессор Аҳророва Зӯҳро Додохоновна ба уҳда доштанд. Дар ин дарва зери роҳбарии профессор Аҳророва З.Д. 3-рисолаи номзадӣ (Семёнова И.Ф. с.1999 Остонаева П.М. с.2002, Ғафурова Л.Б. с.2002), ҳимоя гардидааст, 7 шаҳодатнома оид ба пешниҳодҳои ратсионализаторӣ ба даст оварда шудааст. Таълим дар донишгоҳ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Ба қалами профессор Аҳророва З.Д. 165 корҳои илмӣ, аз ҷумла китоби курси лексияҳо бо забони давлатӣ тааллуқ доранд.
Дар ин давра мувафаққиятҳои калон оид ба табобати садамаҳои чашм дар ҷумҳурӣ ба даст оварда шуд. Ёрии ургентии (таъҷилӣ) офталмологӣ ва табобати ҳаматарафаи сӯхтагии чашм ба роҳ монда шуд. Усулҳои диспансеризатсияи беморони глаукома ба пеш рафт. Аз тарафи Аҳророва З.Д. озмоишҳои нави ташхисӣ, озмоиши торикӣ бо нӯшидани об, бо маҳлули пилокарпин ва глитсерол, усулҳои тонографии Калфа, тонографии Нестеров ва периметрияи статистикиву проексионӣ амалӣ карда шуд. Инчунин, профессор Аҳророва З.Д. таҳқиқоти васеи клиникию эпидемиологӣ ва тиббӣ-иҷтимоии глаукомаи якумдараҷаро дар саросари ҷумҳурӣ гузаронид.
Ҳамчунин, дар кафедра ординаторони клиникӣ, субординаторҳо ва интернҳо тайёр карда шуданд. Дар натиҷаи шароити мусоид барои пурра намудани воҳидҳои корӣ, кафедра бо ассистентони нав: Ашуров Ҷ.М., Раҳмонова Ш.У., Остонаева П.М., Ғафурова Л.Б., Мавлонӣ Р.А., Маҳмадов Ш.Қ. ва ҳамкорон - мутахассисони дараҷаи олӣ: Юнусова З.И., Норбоева М.А., Кодирова Н.А., Шарипова Ш.Л. пурра гардид.
Солҳои 2011-2013 вазифаи мудири кафедра ба уҳдаи н.и.т., дотсент, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мазабшоев Аслишо Мазабшоевич вогузор гардид. Дотсент Мазабшоев А.М. муаллифи зиёда аз 50 корҳои илмӣ, аз ҷумла китобе бо забони тоҷикӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Устод Мазабшоев А.М. дар айни ҳол якҷоя бо коллективи кафедра фаъолона ба кори илмӣ, таълимӣ ва табобатӣ машғул аст.
Аз соли 2013 вазифаи мудири кафедраро Аълочии тандурустӣ, Аълочии маориф ва илм, табиби дараҷаи олӣ, н.и.т., дотсент Маҳмадзода Шамсулло Қурбон бар уҳда дорад.
Дар айни ҳол, дар кафедра 3 номзади илми тиб, дотсентон: Маҳмадзода Ш.Қ., Мазабшоев А.М., Каримзода Ҳ.Ҷ., 3 номзади илми тиб: Юнусова З.И., Останаева П.М., Сулейманова Ф.А. ва 6 ассистент: Қодирова Н.А., Ҳалимова З.С., Раҳимова З.И., Каримов М.Б. Бобоева Т.С., Ҳайдаров З.Б. кор ва фаъолият менамоянд. Инчунин дар кафедра 1 аспиранти ғоибона, 2 унвонҷӯйи номзадӣ ва 2 унвонҷӯйи докторӣ бо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, 16 ординатори клиникии солҳои 1 ва 2-юм ва 2 духтур-интерн ба таҳсили илм фаро гирифта шудаанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php