Корҳои тиббӣ ва машваратӣ


Фаъолияти муолиҷавӣ-машваратии кормандони кафедра ҳам дар кафедра ва ҳам дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба тариқи авиатсияи санитарӣ гузаронида мешавад. Дар панҷ соли охир ба зиёда аз 8000 беморони гуногуни чашм ёрии тиббӣ расонида шуд. Ҳар як бемори нав бистаришударо пагоҳирӯзӣ мудири кафедра ва мудири шуъба аз муоина мегузаронанд. Тибқи нақша дар шуъба мунтазам машварати дотсентону ассистентони кафедра ва мудири шуъба гузаронида мешавад. Ассистентони кафедра вобаста ба шуъбаҳои ба онҳо вобасташуда беморони ҳам нақшавӣ ва ҳам таъҷилиро бистари намуда ҳам табобати ҷарроҳиву ва ҳам консервативӣ мегузаронанд. Кормандони кафедра аз уҳдаи ҳамаи усулҳои замонавии офталмологии дар пойгоҳи клиники мавҷудбуда мебароянд ва усулҳои ҷарроҳии офталмологиро, аз қабили гирифтани катаракта бо мондани булӯраки сунъӣ дар кӯдакон ва калонсолон, глаукома, бартарафкунии каҷшавии чашм, нахускоркарди ҷарроҳатҳои гуногуни чашм ва узвҳои ёрирасони он, гирифтани пардаи болшакл ва ғ. ба пуррагӣ мебароянд.

Гузариш ба саҳифаи: