Маҳфили илмии донишҷуёни кафедраи офталмология

Маҳфили  илмии донишҷуёни кафедраи офталмология

Рӯзи    25.12.2020 дар кафедраи офталмологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси чоруми факултаҳои тиббӣ ва ординаторону интернҳои кафедра ҷамъомади навбатии МИД баргузор гашт.

Маҳфилро ассистенти масъул оиди МИД-и кафедра, н.и.т., Сулейманова Ф.А. ҳусни оғоз бахшид. 15 дақикаи аввал ба иштирокчиёни маҳфил сӯҳбат оиди мавзӯи муҳими ҷомеаи имрӯза – пешгирии сирояти коронавирус, гузаронида шуд. Трази дурусти риояи гигиенаи шахсӣ ва умумӣ ба донишчӯён фахмонида шуд. 

Сипас дар рӯзномаи маҷфил се маърӯза ҷой дошт:

1.  Презентатсия дар мавзӯи «Технологияи смайл дар ҷарроҳии рефраксионӣ»- маърузачӣ донишҷӯи курси чоруми факултаи тиббӣ Ашуров Шаҳриёр.

2.  Презентатсия дар мавзӯи «Усулҳои муосири ташхиси глаукома маърузачӣ донишҷӯи курси чоруми факултаи тиббӣ Тошматова Назирабону.

3.   Презентатсия дар мавзӯи «Ретинопатияи диабетикӣ» - маърузачӣ донишҷӯи курси чоруми факултаи тиббӣ Аскарова Садаф. 

Баъд аз шунидани презентатсияҳо муҳокимаронӣ бо иштироки фаъоли донишҷуён ва аъзоёни маҳфил сурат гирифт. Ба ҳама саволҳои пайдошуда маърӯзачиён чавобҳои қаноатбахш гардониданд. Инчунин ассистентони кафедра Халимова З.С ва Кармов М.Б. мавзӯҳои дар боло зикршударо бо намунаҳои клиникӣ ба донишҷӯён ва аъзоёни маҳфил баррасӣ намоиш доданд.

Инчунин маърӯзачиён ва иштирокчиёни фаъоли маҳфил бо сертификат ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. 

Кафедраи офталмология 25.12.20

28.12.2020     443

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php