База клиникӣ кафедры


Шуъбаҳои 1-уми садамаи чашм, 2-юми глаукоматозӣ, шуъбаи кӯдаконаи бемориҳои чашм (дар маҷмуъ 120 кат) ва Маркази ҷумҳуриявии глаукоматозӣ, Маркази бемориҳои турпарда ва шуъбаи қабули дармонгоҳии МД ММТ ҶТ “Шифобахш” пойгоҳи таълимӣ, ташхисию табобатии кафедра ба ҳисоб мераванд. Кафедра бошад, дар ошёнаи 3-юм, бинои 2-юми МД ММТ ҶТ “Шифобахш” воқеъ мебошад. Тамоми омӯзгорони кафедра фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ-машваратиро дар пойгоҳи ҳамин Марказ мегузаронанд. Муоина ва машварати беморонро ҳайати дотсентону ассистентон мутобиқи ҷадвали тасдиқшуда амалӣ мекунанд. Пойгоҳи клиникӣ барои гузаронидани фаъолияти таълимӣ ба кормандони кафедра 7 ҳуҷраи дарсӣ, як толори лексионӣ ҷудо кардааст. Донишҷӯён ҳангоми машғулиятҳо ба ғайр аз шуъбаҳои бемориҳои чашм, инчунин, аз Маркази омӯзишии малакаҳои амалӣ (МОМА) - и донишгоҳ воқеъ дар шаҳраки “Шифобахш” низ пурсамар истифода мебаранд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php