Таърихи кафедра


Баъд аз се соли таъсисёбии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1942 кафедраи ташкили нигаҳдории тандурустӣ ташкил карда шуд. Якумин мудирони кафедра: номзади илми тиб, дотсент, А.С. Раевский (аз феврал то июли соли 1942) ва номзади илми тиб, дотсент, Б.М. Лядский (то майи соли 1952) Мутаассифона марҳилаи аввали фаъолияти кафедра дар ягон ҷой ба қайд гирифта нашудааст, ҳатто дар бойгонӣ низ нисбати он ҳуҷҷате нест. Аз сабаби норасогии омӯзгорон то соли1954 барои хондани лексияҳо ва қабули имтиҳонҳо аз фанни беҳдошти иҷтимоӣ омӯзгорон аз дигар донишкадаҳо таклиф карда мешуданд (дотсент М.С. Меллер аз Донишкадаи II шаҳри Москва).
Соли 1954 ба вазифаи мудири кафедраи ташкили нигаҳдории тандурустӣ номзади илми тиб Ёкуб Тоҷиевич Тоҷиев таъин карда шуд. С.М. Поперека-Ланге ва И.Л. Потапов аввалин омӯзгорони кафедра буданд. Лексияҳоро аз фанни ташкили нигаҳдории тандурустӣ мудири кафедра Ё.Т. Тоҷиев ва аз таърихи тиб дотсент Я.П. Поперека (отоларинголог аз рӯи ихтисос) мехонданд.
Вазифаҳои асосии марҳилаи аввал ташкил кардан ва такмил додани ҷараёни таълимӣ-педагогӣ, тайёр кардани дастурамалҳои методӣ буд. Машғулиятҳои амалӣ аз фанни беҳдошти иҷтимоӣ ва таърихи тиб бо донишҷӯёни бахшҳои 4, 5 ва 6 дар як вақт гузаронида мешуданд. Заминаи моддию техникӣ пай дар пай васеъ гардида, дар фаъолияти таълимӣ-педагогӣ таҷрибаҳои нав ба нав ба даст оварда мешуданд. Марҳилаи навбатии инкишофи кафедра солҳои 60-ро дар бар мегирад. Дар охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60 - ум дар байни олимони соҳаи беҳдошти иҷтимоӣ дар атрофи масъалаи номи кафедра баҳсу мунозира мерафт. Гурӯҳе ҷонибдори монондани номи аввалаи кафедра «Ташкили нигаҳдории тандурустӣ» ва гурӯҳи дигар бошад, ҷонибдори номгӯй ва барқарор намудани беҳдошти иҷтимоӣ ҳамчун илм ва фанни таълимӣ буданд. Дар натиҷа донишкада ва кафедраҳои мувофиқ дар соли 1969 ба донишкада ва кафедраҳои беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили нигаҳдории тандурустӣ номгузорӣ карда шуданд. Ин оғози марҳилаи дигари инкишофи фанни мазкур буд. Дар солҳои оянда ҳайати кафедра аз ҳисоби хатмкунандаи Донишкадаи тиббӣ Тхостова В.Т. (1957) ва омӯзгорон Григоренко А.В. (1957), Галашевский О.М. (1960) ва Исҳоков И.С. (1962) пур карда шуд.
Дар натиҷаи васеъшавии ҳайати омӯзгорони кафедра имконияти ҷудо намудани фанҳо пайдо шуд. Исхоков С.И. ва сипас Авазов М.А. аз фанни таърихи тиб ва омӯзгори калон - Гончаров ва баъдан Ризвонова З.Г. аз фанни ҳуқуқи советӣ дарс мегуфтанд. Бо мақсади тайёр кардани кадрҳои илмӣ кормандони кафедра Авазов М.А. соли 1965, Анваров А.К. соли 1967, Муллоев А.М. соли 1976 ба аспирантура равон карда шуданд ва ё ҳамчун унвонҷӯй ба корҳои илмӣ ҷалб карда мешуданд (Тхостова В.Т., Пак Л.М., Немеровский Э.А. таҳти роҳбарии профессор Ё.Т. Тоҷиев). Сол аз сол нерӯи илмии кафедра ташаккул ёфта, таҳти роҳбарии Тоҷиев Ё.Т., Абдушукурова Х.М. (1973), Франсишко В.П. (1982), Махсумова М.М. (1983), Абдуллоева М. (1988) ва Собирова Д.Б. (1988) рисолаи номзадиашонро дифоъ намуданд. Аз соли 1989 номзади илми тиб, дотсент Анваров А.К. сарварии кафедра ба уҳда дошт. Марҳилаи сарварии ӯ ба давраи душвори таърихи Тоҷикистон рост омад. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарзамини Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ ва барқароршавии сулҳ пайгирӣ мекард. Моҳиятан ҳайати омӯзгорони кафедра дигар шуда, зарурати аз нав барқарор намудани нерӯи илмии кафедра ба миён омад. Таҳти роҳбарии доктори илми тиб, профессор Анваров А.К. корҳои илмиашонро Б.Х. Қобилова (2002), И.А. Филипушенко (2002), Н.С. Ҷураева (2004) ба анҷом расонида, баъд аз вафоти ӯ ҳимоя карданд. Аз соли 2002 то соли 2006 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Насриддинова Б.З. ва аз соли 2006 то соли 2010 мудири кафедра номзади илмҳои тиб Филипушенко И.А. буданд. Аз соли 2010 то феврали соли 2018 доктори илмҳои тиб, дотсент Раҷабзода С.Р. вазифаи мудирии кафедра ба ухда доштанд. Айни замон иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.т., дотсент Н.С. Ҷураева мебошад.
Кафедра дар шабакаи академӣ байни донишгоҳҳои хориҷӣ фаъолона иштирок менамояд. Дар моҳи марти соли 2018 дар доираи шабакаи академӣ мудири кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва кори ҳамширагии донишгоҳи давлатии Қарағанда н.и.т., и.в. профессор Жакенова Сауле Рахимҷановна ва дотсенти хамин кафедра ташриф оварда буданд. Дар рафти ташрифоварӣ шартнома байни ду кафедра оиди ҳамкориҳои минбаъда ба имзо расонида шуд.
Инчунин, аз соли 2017 кафедра лоиҳаи Erasmus+ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи шаҳри Бирменгема, Британияи кабир (Birmingham City University in Birmingham, UK) ба роҳмондааст. Мақсади асосии лоиҳа гузаронидани тренингҳо (лексияҳо, семинарҳо), ивази таҷрибаҳои касбӣ, маданият ва ананаҳои ду кишвар мебошад.
Ба ғайр аз ин ҳайати кафедра дар амали гардонидани лоиҳаи Erasmus+ TUTORIAL «Пурзӯр намудани шабакаи Осиёи – Марказӣ оиди маълумот, тадқиқотҳо ва инноватсияҳо дар атрофии беҳдошти муҳити зист» ва дар ҳамкори бо донишгоҳҳои татбиқшаванда Италия, Олмон, Эстония, Ҳиндустон, Казоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Гузариш ба саҳифаи: