Парчам рамзи сарбаландии миллат

Парчам рамзи сарбаландии миллат

Боиси қаноатмандист, ки ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад. Парчами давлати Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстию бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда санаи 19.11.2020 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино тибқи нақшаи мавзӯӣ-тақвимии дарсҳои кураторӣ бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 1 ва 2-уми факултаи тиббӣ-профилактикӣ семинари ҷашни бахшида ба ифтихори ин иди фархунда, изҳори эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии ҷумҳурӣ-Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мавзӯӣ «Парчам рамзи сарбаландии миллат» гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур мудири кафедра Ҷураева Н.С., омӯзгорон: Комилов И.Ш., Нуриддинова Н.Н., Комилова Г.И., Махмудова Д.Ш., Исроилова З.С., кураторон: Шарифзода Ф.Ҷ., Мамадаминов О.Н., Юсуфзода П.А., Саидова С.Н. ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Семинарро мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра Шарифзода Ф.Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни бузург яъне Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуда, қайд карданд, ки давлатсози ва давлатдории точикон низ таърих ва суннати кадима дорад. Аҷдодони мо ҳануз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Хушбахтона, бо шарофати истиклолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат бо Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд. Бо ин ҷиҳат бояд арҷ гузошт, ки бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 соли мавҷудияти Точикистон ҳамчун ҷумҳурӣ, бори аввал парчами ин кишвар ҳамчун рамзи истиклолияти давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи Истиқлолият дар тафсир ва шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танҳо рамзи фарқкунандагии давлатиро ичро мекарданд, ки Точикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигар Иттифоқ дар фаркият карор медод. Парчами нав бошад, акнун Тоҷикистонро на ҳамчун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷумҳурии мустақил миёни зиёна аз 200 давлати дунё тафовут мебахшад.

Миллати тоҷик фарҳангофару давлатсоз буд ва ҳаст. Миллатҳое, ки имрӯз қудратро ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ-пакрчамдорӣ омӯхтаанд, ки аз ин бояд фарзанди тоҷик фахр намояд.

Баъд аз он донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 1-ум Ҳусейнов Умед бо маърӯзаи худ дар мавзӯи «Парчами миллат-ҳастии миллат» баромад намуд. Инчунин Ҷураева Шабнам маърӯза дар мавзӯи «Парчам-рамзи Истиклолият» бо як эҳсосоти баланд баромад карда иброз намуданд, ки бо фаъолияти тиббии худ дар оянда ҳам дар дохил ва ҳам берун аз он Парчами давлатиро баланд хоҳем бардошт. 

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

23.11.2020     660

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php