Навбатдори дар хобгоҳи №7

Санаи 11.11.2020 сол соати 1800 навбатдорони кафедраи Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб барои дидан аз шароити зисти донишҷӯён ба хобгоҳи №7-и донишгоҳ ташриф оварданд. Дар рафти навбатдори маълум ба омӯзгорони навбатдор Шарифзода Ф. Ҷ. ва Саидова С.Н. гашт, ки дар хобгоҳи номбурда таъмири косметикӣ барои солҳои хониши 2020-2021 гузаронида нашудааст. Хобгоҳ аз 5-ошёна иборат буда ҳамагӣ 514 нафар донишҷӯ аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳури зиндагӣ мекунанд. Аз он ҷумла писарон-287 нафар, духтарон-227 нафар аз ин шумора 32 нафарашон тибқи квотаи Президенти таҳсил мекунанд, ки 9-нафарашон писарон ва 23 нафар духтарон мебошанд. Дар ҷараёни навбатдори аз ҳуҷраҳои хоб, ошхона, ҳаммом ва хоҷатхонаҳои донишҷӯён дар хобгоҳи номбурда дидан намуда шароити санитарӣ дар ҳолати ғайри қаноатбахш қарор дошт. Ба мо маълум гашт, ки дар ҳар ошёна алоҳида толорҳои хониш, ошхона, ва барои ҳар 4-ҳуҷра як ҳаммом ва ҳоҷатхона вуҷуд дорад, ки донишҷӯён самаранок истифода мебаранд. Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён дар мавзӯи «Риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ» дар толори хониши ошёнаи якум сӯҳбат гузаронида шуд. Инчунин омӯзгорони навбатдор Шарифзода Ф.Ҷ., Саидова С.Н. аз шароити зисти донишчӯён бохабар шуда дар бораи риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар хобгоҳ маслиҳатҳои муфид доданд. Дар фароварди вохӯрӣ омӯзгорони кафедра ба саволҳои ба миёномадаи донишҷӯён ҷавобҳои саҳеҳ доданд ва донишҷӯён аз ҷавобхои омӯзгорон қаноатмандӣ изҳор намуданд.

12.11.2020     447

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php