Ғизои солим манбаи солимии ҷисм ва рӯҳ. Маърифати истеъмоли ғизо

Соли 2019 Созмони Миллали Муттаҳид 7-уми июнро ҳамчун рӯзи бехатарии ғизо дар тамоми ҷаҳон эълон кард. Мақсад аз эълон намудани 7-уми июн ҳамчун рӯзи бехатарии ғизо дар тамоми ҷаҳон ҷаълб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ғизо ва дар ин замина беҳтар намудани вазъи саломатии сокинони сайёра мебошад. Бояд гуфт, ки бехатарии ғизо ин дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ғизоӣ буда, ҳар як нафарро мебояд, ки ғизоро оқилона ва самарабахш истеъмол намояд. Лозим ба ёдоварист, ки бехатарии ғизо асосан аз соҳаҳои ба ҳам пайванди мухталиф, яъне соҳаи тандурустӣ, савдо, хоҷагии қишлоқ, саноат, туризм ва муҳити зист вобастагии зиёд дорад. Ҳар маҳсулоте, ки имрӯз мардум харидорӣ ва аз он ғизо омода мекунанд, бояд, ки ба санаи мӯҳлати истеъмоли он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Маҳсулоте, ки мӯҳлати истифодабариашон гузаштааст, метавонанд инсонро ба ҳар гуна беморӣ, аз он ҷумла ба бемории дилу рагҳои хунгард мубтало созанд.

Ғизоҳои дуруст дар таркибашон намудҳои гуногуни моддаҳои фоидаовар доранд. Аз он ҷумла сафедаҳо, чарбҳо, витаминҳо ва карбогидрат, ки ҳангоми кам ё зиёд шудани маҳсулоти ғизоӣ дар организм ба як қатор ҳолатҳои мусбӣ ва манфӣ оварда мерасонад. Қайд кардан зарур аст, ки бо риояи дурусти истеъмоли ғизо инсон метавонад вазъи   саломатии хешро солим нигоҳ дорад.

Ҳар он чизе, ки инсон истеъмол менамояд, ба намуди зоҳирӣ ва рӯҳияи ӯ таъсир мебахшад. Ҳар як шахс бояд ҳамаруза тарзи дуруст истеъмол намудани ғизоро риоя намуда, баҳри солимии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Вобаста ба дуруст истеъмол намудани ғизо моро мебояд ба тарзи дурусти истеъмоли он, аз ҷумла чӣ гуна истеъмол намудани хӯрок, инчунин дар таркиби хӯроке, ки истеъмол менамоем, ба миқдори калорияҳои мавҷудбуда аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар дунё ҳамасола зиёда аз 600 млн. нафар одамон аз истеъмоли ғизои нодуруст ба ҳар гуна бемориҳои хатарнок мубтало мешаванд ва тақрибан 42 ҳазор нафари онҳо мефавтанд. Аз ин бармеояд, ки тарзи дуруст истеъмол намудани ғизо аз фоида холӣ набуда, рушд, ҳаёт ва саломатии бадани ҳар як одамро таъмин менамояд.

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

19.02.2021     1729

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php