Фаъолияти таълимӣ


Дар кафедра машғулиятҳои амалӣ ва лексияҳо аз фанни «Беҳдошти иҷтимоӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ» барои донишҷӯёни курсҳои 4, 5 факултаҳои тиббӣ, стоматологӣ ва курси 4-уми факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ гузаронида мешавад. Донишҷӯёни курси 6-ми факултети тиббӣ аз фанни «Иқтисоди нигаҳдории тандурустӣ» дарс меомӯзанд. Барои донишҷӯёни курси 1-уми стоматологӣ, факултаҳои фарматсевтӣ, тиббӣ, педиатрӣ ва факултаи нигоҳдории тандурустӣ дар курси 2-юм дарсҳо аз фанни таърихи тиб гузаронида мешавад. Таълим дар мувофиқат бо барномаи таълимӣ гузаронида шуда, бо назардошти хусусиятҳои ҳар як факулта, хусусияти фаъолияти мутахассисони оянда бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз соли 2007, курсҳои 2 ва 3 донишҷӯёни хориҷӣ аз фанҳои «Таърихи тиб» ва «Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ» бо забони англисӣ таълим мегиранд. Дар кафедра соли 2012 Маркази захиравӣ оид ба нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ кушода шуд. Марказ бо адабиётҳои зарурӣ, компютерҳо, интернет муҷҷаҳаз буда, бо китобхонаи электронии донишгоҳ пайваст аст.
Аз соли 2014 кафедра дар доираи татбиқи «Нақшаи стратегии рушди системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шабакаи ягонаи системаи иттилоотӣ барои беҳтар намудани аёнияти омӯзиши донишҷӯён пайваст шудааст.
Аз соли 2015 кафедра курси такмили ихтисос (КТИ) оид ба масъалаҳои сиёсат, менеҷмент, иқтисод ва низоми идоракунии иттилоотии тандурустӣ барои роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва ташкилотчиёни тандурустӣ ташкил карда шудааст.
Илова ба китобҳои тавсияшудаи дарсӣ ва дастурҳо, дастурамалҳои тайёр намудаи устодони кафедра дар дарсҳоиамалӣ истифода бурда мешавад. Ҳамагӣ 7 дастурамал оид ба нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ) ва як китоби дарсӣ оид ба нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ба забони тоҷикӣ ва 2 монография нашр шудааст.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php