Семинари илмӣ

Семинари илмӣ

Дар чорчубаи чорабиниҳо вобаста  ба ташкил ва баргузории «Ҳафтаи аврупоии  истифодаи дурусти дорувориҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи донишгоҳ, бо иштироки сардори шуъбаи баҳодиҳии  мутобиқати маводи доруворӣ ва молҳои табии Хадамоти назорати давлатии Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ  Қаландарова Наргис,  намояндаи минтақавии СУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойматова Хатича, мудири кафедра, д.и.т., проффесор Сатторов С.С., муовини ректор оид ба муолиҷа Қобилов Қ.К., ва ҳамчунин кормандони кафедра – дотсент Кенҷаева И.А., ассистентон Урманова З.Х., Туразода П.М., Носирова Ф.С. ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 3-4, курси сеюми  факултаи тиббию профилактикӣ семинарии илмӣ  гузаронида шуд.

Дар оғоз мудири кафедра, д.и.т., проффесор Сатторов С.С. баромад намуда, ба иштирокчиёни семинар дар бораи таърихи кашфиёт  ва манбаҳои  ба даст овардани антибиотикҳо, аҳамияти онҳо дар тибби амалӣ, ҳамчунин роҳҳои паҳншавии микроорганизмҳои ба таъсири антибиотикҳо устувор ва ҷараёнгирии механизмҳои он  маълумоти  муфассал  пешкаш  сохт.

Дар семинар ассистенти кафедра Урманова З.Х. баромад карда, оид ба хусусиятҳои биологӣ, тасниф, механизм, доираи таъсири  антибиотикҳо ба микроорганизмҳои гуногун ахборот пешниҳод намуд. Ҳамчунин,  усулҳои муайян намудани ҳассосияти микроорганизмҳо ба антибиотикҳо, бо истифодабарии дискҳои стандартӣ, омехтагии якчандкаратаи антибиотикҳо ва баҳодиҳӣ ба натиҷаи он ба таври амалӣ ба донишҷӯён намоиш дода шуд

Дар ҷамъбасти семинари мазкур намояндаи Хадамоти назорати давлатии Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ  Қаландарова Наргис баромад намуда, миннатдории худро дар ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ-семинар ба мудири кафедра, д.и.т., проффесор Сатторов С.С ва кормандони кафедра изҳор дошт. Аз ҷумла қайд кард, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланди илмӣ гузаронида шуда,  ахбороти ниҳоят зиёд оид ба ин мавзӯъ пешниҳод гардид.  Зикр намуд, ки доираи чунин сӯҳбат-семинарҳо дар ҳамкории кормандони кафедра бо намояндагони муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, воситаҳои ахбори омма  баҳри баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба истифодабарии дурусти маводхои зиддимикробӣ  васеъ гардонида  шавад.

Кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология

07.12.2020     459

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php