Мусоҳибаи магистри соли 2-ми кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология МТД “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” Мафтуна Рахимова бо хабарнигори шуъбаи тандурустии шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» Чеҳронаи Давлат

Мусоҳибаи магистри соли 2-ми кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология МТД “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” Мафтуна Рахимова бо хабарнигори шуъбаи тандурустии шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» Чеҳронаи Давлат

Хабарнигор: Вобаста ба таҳсил дар ҳайси магистри кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология чи гуфтанӣ ҳастед?

Мафтуна Рахимова: Ман аз интихоби касбии худ бисер ҳам розӣ ҳастам, чунки мушоҳидаҳои соли сипаришуда нишон медиҳанд, ки микробиология, иммунология ва вирусология ҷабҳаҳои таркибии илми тиб ҳисоб ёфта, бисёре аз масъалаҳои ҳалталаб ва дарёфти ҳалли онҳо ба ин фанҳо алоқаманд мебошад. Баъд аз хатми магистратура ман хоҳиши ба корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста ба вирусология машғул шуданро дорам.

Хабарнигор: Шумо дар ҷараёни таҳсил ҳамчун магистри кафедраи мазкур бо чӣ машғул ҳастед?

Мафтуна Рахимова: Фаъолияти ман ва дигар магистрҳои кафедра дар чорчӯбаи барномаи таълимии махсус, ки барои дарсомӯзии магистрҳо коркард шудааст амалӣ мегардад. Дар навбати аввал ин васеътар аз худ намудани ҷабҳаҳои назариявии фанҳои микробиология, иммунология ва вирусология буда, баъдан - аз худ намудани усулҳои муосири ташхиси бемориҳои сироятӣ мебошад. Ҳамчунин, ба пешгирии хосаи табобат ва пешгирии вирусию бактериявӣ (ваксинаҳо, зардобаҳо ва ғ.) аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Хабарнигор: Баъд аз ба итмом расидани мӯҳлати таҳсил дар магистратура Шумо вазифадор ҳастед, ки рисоларо ҳимоя намоед. Рисолаи магистрии Шумо кадом ҷабҳаҳои фанҳои микробиология, иммунология ва вирусологияро дар бар мегирад?

Мафтуна Рахимова: Мақсад ва вазифаҳои рисолаи магистрии ман ба омӯзиши хосиятҳои зиддибактериявӣ ва зиддивирусии намудҳои эндемикии худрӯйи кищварамон равона карда шудааст. Дар марҳилаи ҳозира корҳои таҳқиқотӣ ба охир расонида шуданд ва ман дар сатҳи ба тартиб даровардани рисолаи худ қарор дорам.   

11.02.2021     366

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php