Мулоқот бо донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ оид ба пешгирии коронавирус

Мулоқот бо донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ  оид ба пешгирии коронавирус
Рузи 16.04.2020 дар толори Маҷмааи таълимии шаҳраки Шифобахши донишгоҳ мулоқот бо донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони ҲХДТ ноҳияи Исмоли Сомонии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Дар мулоқот аз тарафи мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология, д.и.т., профессор Сатторов С.С. бо презентатсия маърӯза карда, маълумотҳои тоза вобаста ба сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон, хушбахтона дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудани ин беморӣ, намудҳои коронавируси нав, роҳҳои сироятёбӣ, аломатҳо, роҳҳои пешгирию паҳншавии он ба донишҷӯён ва омӯзгорони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаҳмонида шуд.
Кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология.
17.04.2020     498

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php