Донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ оид ба пешгирии коронавируси СОVID-19 фаъолнокӣ зоҳир менамоянд

Донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ оид ба пешгирии коронавируси СОVID-19 фаъолнокӣ зоҳир менамоянд Донишҷуёну омӯзгорони донишгоҳ бетарафӣ зоҳир накарда, барои пешгирии коронавируси СОVID-19 чораандешиҳо карда истодаанд. Аз ҷумла, таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология Тирандозова Ҷ.И. донишҷӯи курси 3-юми факулттети педиатрии донишгоҳ Норбобоев Х. бо ҳаммаслаконаш презентасия ва видеоролик дар мавзӯи «Хусусиятҳои биологӣ ва роҳҳои пешгирии бемории коронавируси СОVID-19» омода намуданд. Рӯзи 15.04 соли 2020 аз ҷониби донишҷӯ Норбобоев Х. ва асссистенти кафедра Урманова З.Х. ба донишҷуёни патоки 5-и курси дуюми факултаи тиббии донишгоҳ бо презентасия баромад карда, видеоролик намоиш дода шуда, хусусиятҳои биологӣ ва роҳҳои пешгирии бемории коронавируси СОVID-19 фаҳмонида шуданд. Дар охири суҳбат аз тарафи донишҷӯ Норбобоев Х. ва асссистенти кафедра Урманова З.Х. ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои муфассал дода шуд.
16.04.2020     470

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php