Таърихи кафедра


Кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ дар қатори дигар кафедраҳои тахассуси (технологияи шаклҳои дорӯӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия) мавқеи асосиро ишғол мекунад. Кафедра соли 1985 таъсис ёфт ва аввалин мудири он марди ҳунар мутахассиси варзидаи сохаи фарматсия Песахович Леонид Владимирович буд. Мавзӯи илмии кафедра дар солҳои аввали фаъолият «Муайян намудани моддаҳои мухаддирӣ ва заҳрнок дар таркиби субстратҳои биологӣ ва маводҳои зарурӣ» буд. Мудири кафедра дар солҳои 1991-1994 Исмоилов Ҷумъа Исмоилович,1995-2007 Газиева Мукаррама Тоҳировна буданд. Аз сентябри соли 2007 то ба имрӯз Раҷабов Умаралӣ Раҷабович мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ ба шумор меравад.
Ҳайати муаллимони кафедра аз кимиёгарон ва фарматсевтҳо иборатанд, ки ҳама хатмкардаи Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи миллӣ мебошанд. Ба инҳо собиқ кормандони кафедра дотсентҳо: н.и.к. Газиева М. Т., н.и.к. Шарипов И. Ҳ., н.и.к. Тураев О. Д., н.и.б. Қозихонов А.У. н.и.б. Бобокалонов Ҷ.Т., н.и.ф. Исмоилов Ҷ.И., н.и.ф. Саидов Н.Б., н.и.ф. Умарова В.Р., айни ҳол д.и.х., профессор Раҷабов У.Р., д.и.ф. ва д.и.б., профессор (академик) Бобизода Ғ.М., н.и.к. дотсент Назарова Х. Д., муаллими калон Алимова Б.О., ассистентҳо: Ҷулаев У. Н., Мижгони Ш., Раҳимова Р.Н., Азаматов Қ.А. ба шумор мераванд.
Омӯзгор оинаи ҳаёт, оинаи зиндагӣ ва ифодагари тақдири давлату миллат аст. Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро,ки тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.
Дар ҷодаи таълим омӯзгорони кафедра бо донишҷӯён пайваста кор бурда, ба онҳо аз фанҳои «Кимиёи ғайриорганикӣ», «Кимиёи аналитикӣ», «Кимиёи физикию коллоидӣ», «Кимиёи дорусозӣ», «Кимиёи заҳршиносӣ», «Асосҳои таҳлили фарматсевтӣ» дар сатҳи баланди илмию методӣ дарс мегӯянд ва онҳоро дар роҳи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром нисбат ба одамон, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳидоят мекунанд. Ба донишҷӯён таъкид мекунанд, ки маҳз тавассути донистани улуми фарматсия ва кимиё имрӯз дар байни мамолики мутараққии ҷаҳон мавқеи муайянро ишғол кардан мумкин аст.
Омӯзгорони кафедра ҳамчун фидоии илму маърифат пайваста пайи навиштани китобу дастурҳои таълимӣ мекӯшанд. То ба имрӯз зиёда аз 60 китоб ва дастуру коркардҳои таълимӣ ба донишҷӯён пешкаш шудаанд. Дар кафедра 8 барномаи нав, ки марбути 8 фан аст, ба забони русӣ ва тоҷикӣ аз нав кор карда шуд.
Ҷабҳаи дигари фаъолияти омӯзгорони кафедра тайёр кардани кадрҳои илмӣ педагогӣ мебошад.Таҳти роҳбарии д.и.к., профессор Раҷабов Умаралӣ Раҷабович 4 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд, феълан зери роҳбарии ӯ 1 нафар аспиранти рӯзона, 2 нафар аспиранти ғоибона, 3 нафар унвонҷӯи дараҷаи илмии номзадӣ ва 1 нафар докторант Назарова Хуморбӣ Давламадовна фаъолият менамоянд
1. Мижгони Шуҳратзода- аспиранти ғоибона, мавзӯи кори номзади «Синтез, таҳқиқ ва омӯзиши хосияти биологии комплексҳои нуқра бо метронидазол ва албендазол»- роҳбари илми д.и.к., профессор Раҷабов Умаралӣ
2. Султонов Рауф - аспиранти рӯзона мавзӯи кори номзади «Синтез, таҳқиқ ва омӯзиши хосияти биологии комплексҳои руҳ (II) ва оҳан (II) бо Атсетилсистеин» роҳбари илми д.и.к., профессор Раҷабов Умаралӣ
3. Юсуфова Фируза аспиранти ғоибона «Таҳқиқи пайвастҳои комплексии нуқра бо стрептосид» рохбари илми н.и.к., дотсент Назарова Х.Д., мушовири илмӣ д.и.к., профессор Раҷабов Умаралӣ
4. Раҳимова Р.Н. – унвонҷӯ, мавзуи кори номзади «Таҳқиқи пайвастҳои комплексии руҳ бо дибазол ва албендазол», рохбари илми д.и.к., профессор Раҷабов Умаралӣ
5. Ҷулаев У.Н.- унвонҷӯ мавзӯи кори номзади «Хосияти антиоксидантии пайвастаҳои руҳ бо аминокислотаҳо», рохбари илми д.и.к., профессор Раҷабов Умаралӣ
6. Алимова Барно Обидовна унвонҷӯ «Таҳқиқи пайвастҳои комплексии мис бо албутсид» рохбари илми н.и.к., дотсент Назарова Х.Д., мушовири илмӣ д.и.к., профессор Раҷабов Умаралӣ
Натиҷаи корҳои илмии олимони кафедра дар мақолаҳои илмӣ, ки теъдодашон ба 360 мерасад ва дар маҷаллаҳои бонуфузи дунё чоп шудаанд, инчунин дар 14 патенту ихтироот ва 2 монография инъикос гардидаанд. Танҳо дар соли 2019 теъдоди маводи чопӣ 31 ададро ташкил мекунад аз ин: 19 фишурда 7 мақолаҳои илмӣ 5 мақола дар журналҳои КОА ҶТ ва ФР ва 3 патент ихтироӣ аз ин 2 ихтироъ ба шумор мераванд. Олимони кафедра шӯҳрати илми тоҷикро на танҳо бо мақолаву патентҳо, балки бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавои худ дар конфронсу симпозиумҳои байналмиллалӣ баланд бардошта, қадру манзалати илми муосири тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
Президенти кишварамон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат,Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва баромадҳои хеш такрор ба такрор таъкид менамоянд: Имрӯзҳо нарасидани маводи доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он, ки Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ - обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Ба ин васила масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад.
Аз ин лиҳоз ҳар яки моро мебояд гуфтаҳои сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешаи кори худ намуда, дар самти дарёфти маводи нави доруии сифатан тоза ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ кору фаъолият намоем.
Мавзуи илмие, ки мо дар кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино пеша кардаем лоиҳавӣ буда, «Cинтез, хосияти физико-химиявӣ ва биологии пайвастагиҳои комплексии биометалҳо бо як қатор азол ва аминокислотаҳо» ном дорад ва диққати аксари олимони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Ба олимони кафедра муяссар гашт, ки равандҳои комплексҳосилкунии филизоти интиқолӣ ба мисли оҳан ва мисро дар маҳлули обӣ бо пайвастҳои гетеросиклӣ омӯхта хулосаҳои илмӣ бароранд. Дар асоси таҳқиқи вобастагии коррелятсионӣ хосияти протолитӣ ва термодинамикии азол ва мураккаботи координатсионӣ аз ҳарорат, қувваи ионии маҳлул ва табиати комплексҳосилкунанда муодилаи нави эмперикӣ пешниҳод карда шуд, ки ин муодила барои кимиёи координиатсионӣ кашфиёти хеле муҳим аст. Таркиби мураккаботи координатсионии ҳосилшуда бо истифодаи чунин усулҳои муосири физикию кимёвӣ ба монанди, оксредметрия, калориметрия, спектрофотометрияи электронӣ, спектроскопияи инфрасурх ва ғайра муайян карда шудааст. Бо истифодаи функсияи оксидонӣ қиматҳои ададии доимиҳои ҳосилшавии мураккаботи координатсионии поли-, гетероядроӣ ва гетеровалентӣ ҳисоб карда шудааст.
Маводхои нави доруии ба тозагӣ дарёфтшуда дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Дибаферрол, Дибакупрол, Албкупрол, Метрарг, Дибасинкат, Албсинкат, Малбсинкат, Синкас ва дигарҳо мебошанд. Албкупрол ва Малбсинкат ба сифати маводи зидди туфайлӣ антипаразитӣ барои нобуд намудани мониеизҳо истифода мешавад. Мониеиёзҳо кирмҳои тасмашакл буда дар руда ҷой мегиранд. Маводҳои дар боло зикршуда айни ҳол дар тиби ветеринарӣ истифода мешаванд ва тадриҷан ба Одам мегузарем. Айни ҳол Ҳуҷҷатҳои меъёриву техникии Албкупрол ва Малбсинкат аз тарафи Шурои техникии Хадамоти назорати давлатии ветеринарии Вазорати кишоварзии ҶТ (айни замон Кумитаи бехатарии озукавории назди Ҳукумати ҶТ) мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтааст. Истехсоли ин маводҳо дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Институти масоили амнияти биологии АИ КТ ба роҳ монда шуда аст. Имрӯзҳо маводхои Метрарг, Дибасинкат ва Синкас барои муолиҷаи беморихои сироятӣ, псориаз ва сил, ки дар Ҷумҳурӣ доман паҳн кардаанд, санҷишҳои клиникиро гузашта истодаанд. Ҳамаи маводҳои зикршуда бо патентҳои ҶТ дифоъ шуда барои истифода дар муассиса ва хоҷагиҳои ҶТ Санади ихтироъ дар раванди муолиҷа мураттаб шудааст.
Барои амали намудани ин кафедра бо асбобҳои муосири физико- химиявӣ муҷаҳҳаз шудааст ва дар он унвонҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо кору фаъолият мекунанд. Тавассути асбобҳои дар кафедра муҷаҳҳаз шуда таркиби мураккаботи координатсионӣ, устуворӣ ва хосияти термодинамикии онҳо муайян карда мешавад. Кушандагӣ ва хосияти биологии мураккаботи координатсионӣ дар Озмоишгоҳи марказии илми тадқиқотии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пажӯҳишгоҳи масоили амнияти биологии АИК ҶТ дар асоси қарордоди тарафайн омӯхта мешавад. Барои ин пажӯҳишгоҳҳои зикршуда барои унвонҷӯён ва кормандони кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ шароити мусоидро муҳайё намудаанд.
Корҳои илмӣ - тадқиқоти дар ҳамкорӣ бо факултети ветеринарии Донишгохи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, Озмоишгоҳи химияи мураккаботи координатсионии Институти илми тадқиқотии назди Донишгохи миллии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи кимиёи АИ ҶТ ба номи Никитин, Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии ветеринарии АИК ҶТ ва Пажӯҳишгоҳи масоили амнияти биологии АИК ҶТ, Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Институти илми тадқиқотии физико техникии АИ ҶТ ба номи академик Умаров бурда мешавад ва дар ин замина якҷоя кору фаъолият менамоем.
Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад: тазаккур додаанд Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат,Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёму баромадҳои хеш. Ҳамаи маводҳое, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд туфайлиҳо, яъне паразитҳо ба мисли монезиоз ва дигарҳо ба онҳо ба осонӣ унс мегиранд, устуворӣ зоҳир мекунанд дар ин маврид ин маводҳоро ба маводҳои дигар иваз кардан зарур аст, яъне онҳо ба паразит дигар таъсир карда наметавонанд. Маводҳои доруии дарёфтнамудаи мо пайвастагии комплексӣ буда, тавассути ду хосияти хеш аз маводҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда фарқ мекунанд. Аввало ин, ки заҳрнокиаш паст ва хосияти муолиҷавиаш баланд аст. Ба ин васила туфайлиҳо яъне паразитҳо, кирмҳо ба ин мавод унс (привыкание) гирифта наметавонанд, яъне устуворӣ зоҳир карда наметавонанд. Баъдан, доруҳои аз хориҷ воридшаванда танҳо як намуди туфайлиҳоро нобуд карда метавонанд. Доруҳои истехсол намудаи мо, ки пайвастаҳои комплексиянд ҳама намуди туфайлиҳо Нематод, Трематод ва ё Сестодҳоро якбора нобуд мекунанд, ки ин барои иқтисодиёти кишвари азизамон арзон ва қобили истифода буда метавонад.
Дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки маводҳои сифатан тозаро дарёфт намоем, ки назар ба маводҳои доруии аз хориҷи кишвар воридшаванда камхарҷ ва таъсирашон хубтару бехтар бошад, ба дарди мардум бархурда тавонад. Барои амали намудани нақшаҳои хеш ҳаракат менамоем, ки ҷавонони лаёқатманд, ки роҳи илмро пеша кардаанд ва дар ин кор фидоиянд, ба илм муҳаббат доранд барои аз худ намудан ва иҷрои корҳои илмӣ шомил намоем. Мусаллам аст, ки имрӯз аз байни ҷавонон беҳтарин нобиғаҳои ҳунар, ихтироъкор, беҳтарин олим ва омӯзгор ба камол мерасанд. Ҳамин аст. ки сарвари муаззамамон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём вабаромадхои хеш такрор ба такрор такид менамоянд: Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.
Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.
Ба ин васила Олимони кафедра мушаххасан ҷавонон дар байни ихтироъкорони Ҷумҳурӣ ва дунё мавқеи муайян пайдо намуданд ва шукӯҳу шаҳомати илми ҷаҳонгири тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд ва имрузҳо парчами илму маърифати тоҷику тоҷикистониёнро баландтару баландтар мебардоранд. Ҳамин аст, ки барои беҳтарин ихтироот дар соҳаи синтези мураккаботи координатсионӣ ва истифодаи он дар тиб дар Ҷашнвораи байналмилалии бонувони ихтироъкор – намоиши 11 – уми ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гашт ассистенти кафедра Мижгони Шуҳратзода барои ихтироъ дар соҳаи кимиё ва дорусозӣ «Метрарги дорои фаъолияти зиддимикробӣ» ба гирифтани ҷои аввал ва медали тилло мушарраф гашт, ки ин боиси ифтихори Тоҷикистон ва мушаххасан ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ва ҳар як ҷавон ва фарди шарафманд, соҳибмаърифат ва соҳибилми тоҷик ба шумор меравад. 13 октябри соли 2018 ассистенти кафедра Мижгони Шуҳратзода ва аспирант Рауф Султонов дар озмун фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” таҳти унвони “Ҷавонон созандагони Ватан” иштирок варзида дар бахши “Довталабони - ихтироъкор” ҷойи сазоворро ишғол карданд ва бо дипломи ғолиби озмун қадршиносӣ гаштанд. 27 декабри соли 2018 дар асоси қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мижгон Шуҳратзода бо ҷоизаи “Олими ҷавони сол”сарфароз гардонида шуд. Дар озмуни омӯзгори беҳтарин дар донишгоҳ Мижгони Шӯхратзода иштирок намуда “Омӯзгори бехтарини сол дар соли 2018” дониста шуд.
Дастовардхои илмии кафедра дар боби ихтироъкорӣ тавассути расонаҳои хабарии радио ва телевизиони Тоҷикистон ба мардуми шарифи Тоҷикистон баррасӣ шуд.
26 апрели соли 2019 бахшида ба Рузи байналмилалии моликияти зеҳнӣ кормандони донишгоҳ, мудири кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабов Умаралӣ Раҷабович дар асоси қарори комиссияи Озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» ва Фармони и.в.Директори МД ММПИ аз 12 апрели соли 2019 № 12-ФА бо Мукофоти олӣ Шаҳодатнома ва Нишони фахрии Муассисаи давлатии Маркази Миллии Патенту Иттилооти Вазорати Рушди Иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон № А - 042-сарфароз гардонида шуд.
26.06.19-28.06.19 дар шаҳри Сеули давлати Корея Намоиши ихтироот ва форуми занҳои ихтироъкори дунё шуда гузашт. Дар кори форум аз кафедраи кимиёи фарматсевти ва заҳршиносӣ Раҳимова Р.Н. дар мавзӯи «Малбсинкат ҳамчун маводи зиддитуфайли» иштирок намуда ба гирифтани медали нуқра мушарраф гашт.
Аз фурсати муносиб истифода намуда арзу сипосу миннатдори хешро ба ғамхории ҳамаҷонибаи роҳбарони давлату Ҳукумати ҶТ мушаххасан Президенти ҶТ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баён менамоем зеро, ки ба пешрафти илм ва рушду нумӯи он ҳусни таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Аз хотирам фаромӯш намешавад, вақте ки ман дар Университети давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов ва Институти химико - технологии ш. Иваново таҳсил мекардам ва ҳар вақте, ки дар бораи Ватани азизам Тоҷикистони биҳиштосо ва мардуми меҳмоннавозаш бо муҳаббат қиссаҳо мекардам, кормандон ва ходимони илмии ин таълимгоҳҳо ҳайрон шуда маро суолборон мекарданд, ки оё кишваре бо номи Тоҷикистон арзи вучуд мекунад, ки табиати биҳиштосо ва мардуми мехмоннавозе дошта бошад. Ва бубинед, ки имруз тавассути сиёсати хирадмандонаи хеш Президенти кишвари азизамон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат,Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷику тоҷикистониёнро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд ва ин бояд боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик бошад.

Гузариш ба саҳифаи: