Пешгирии паҳншавии бемории коронавирус

Пешгирии паҳншавии бемории коронавирус

Дар кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии МТД “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” маърӯзаи навбатии академики АТТ, доктори илмҳои фарматсевтӣ ва биологӣ, профессор Бобизода Ғ. М. Баргузор гардид. Бобизода Ғ.М. дар бораи «Пешгирии паҳншавии бемории коронавирус» баромад намуда, иброз намуд, ки то ҳол миқдори зиёди короновирусҳо ба олимони соҳа маълуманд. Ин вирусҳо дар парранда ва дигар намуди ҳайвонот инкишоф меёбанд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос шаҳрвандон набояд ба хабару овозаҳо ва ҳангомасозиҳои расонаву гурӯҳҳои дасисасози хориҷӣ бовар кунанд. Гурӯҳҳои тангназару афроди пастфитрат мехоҳанд ин бемориро сипар карда, дар миёни ҷомеа ҳангомаҳо созанд. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон  бояд инро бидонад, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат қодир аст, барои пешгирии ин беморӣ муқовимат нишон диҳад ва мардум бояд ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва ба тавсияи табибон гуш диҳанд. Омӯзгорони кафедра баромад намуда, ба гуфтаҳои академик Бобизод М. Ғ. тақвият бахшиданд.

Кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии МТД “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

20.10.2020     400

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php