Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона

Санаи 12.11.2020 дар кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дарси тарбиявӣ бахшида ба «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона» бо иштироки устодон ва донишҷӯёни курси якӯми факултети фарматсевтӣ доир гашт. Дар ҷамъомад мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ д.и.к., профессор Раҷабов У.Р., муовини декани факултети фарматсевтӣ, саркуратори факултети фарматсевтӣ Талбов Фурқат ва омӯзгорони факултети фарматсевтӣ иштирок намуда фикрҳои хешро иброз намуданд. Донишҷӯёни курси якӯм ва саркуратори кафедраи кимиёи фарматсевтӣ Алимова Б.О. суханронӣ намуда дар бораи шукӯҳу шаҳомати «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун Қонуни асосии давлат ва ҷомеа фикрҳои хешро иброз намуданд. 

Мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ,

 доктори илмҳои кимиё, профессор

 Раҷабов Умаралӣ Раҷабович

 

13.11.2020     354

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php