Фаъолияти илмӣ


Мавзӯи илмии кафедра лоихави буда «Синтез, омӯзиш , санҷиши мураккаботи координатсионӣ, татбиқи онҳо дар тиб ва истеҳсолот» ном дорад ва диққати аксари олимони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Натиҷаи корҳои илмии олимони кафедра дар давраи хисоботи дар 31 маводи чопи баррасӣ шудааст, аз ин теъдод: 19 фишурда 7 мақолаҳои илмӣ 5 мақола дар журналҳои КОА ҶТ ва ФР ва 3 патент ихтироӣ аз ин 2 ихтироъ ба шумор мераванд. Имрӯзҳо 3 мақола барои нашр дар маҷаллаи Ахбор ва Баромадҳои АИ ҶТ, ки маҷаллаҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ ба шумор мераванд ва 1 макола дар журнали Илм ва инноватсия 1 мақола дар журнали Изв Вузов. Химия и химическая технология ш Иваново ва 2 патенти Аврупо Осиёги дар экспертиза қарор дорад. Омӯзгорони кафедра, инчунин дар конфронсҳои илмию амалие, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар давоми соли 2018 баргузор шуд, фаъолона иштирок намуданд. Дар кафедра дар як моҳ ду маротиба семинари илмӣ бо иштироки академик, доктори илмҳои фарматсевтӣ, доктори илмҳои биологӣ, Президенти Академияи илмҳои таҳсилот, дорандаи медали тиллоии созмони байналмиллалии ҳифзи моликияти зеҳнии ш. Женева, раиси кумитаи фармакологии назди хадамоти давлатии назорати фаъолияти фарматсевти Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, профессори кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Бобизода Ғ.М. барои унвонҷӯён, аспирантҳо дипломникҳо ва кормандони кафедра гузаронида мешавад. Мусаллам аст, ки имруз аз байни чавонони кафедра беҳтарин нобиғаҳои хунар, ихтироъкор, беҳтарин омӯзгор ба камол мерасанд. Ҳамин аст. ки сарвари муаззамамон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва баромадхои хеш такрор ба такрор таъкид менамоянд: Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд ва онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Зарур аст, ки имрӯз ҷавонон дастовардҳои илмиву фарҳанги ва ихтирои хешро саоривақт муаррифӣ намоянд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php