Паёми ояндасоз

 Паёми ояндасоз
Дар ҷаласаи ғайринавбатии кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд. Дар он оиди иқдомҳои пешбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба монанди, фарогирии донишҳои замонавӣ,мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ,таълими фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ва пешниҳод намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баррасӣ шуданд. Дар охир мудири кафера иброз намуданд,ки тамоми кӯшишу гайрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарҷамъиву муттаҳидӣ, бартараф намудани камбудиҳо, рушди устувору босуботи кишвари азизамон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон равона карда шудаанд. Мо низ омӯзгорон бояд,ки Паёми навбатии Пешвои миллатро сарчашмаи муҳими оғози марҳалаи нави саодати маънавии миллати тоҷик ва худшиносиву худогоҳӣ шуморида кӯшиш намоем, ки мутахасисони баландихтисос ва ба чаҳони имрӯза рақобатпазирро тайёр намоем. 
Ассистенти кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ Шамсутдинова Шоира Сироҷевна
16.01.2020     575

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php