Чорабинии идона

Чорабинии идона
07.03.2020 дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ таҳти роҳбарии дотсенти кафедра Шарипова Р.Ё. бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳи13-и курси якуми факултети тиббӣ бахшида ба Иди модарон-8 март чорабинии идона гузаронида шуд. Дар он донишҷӯён Шарифамоҳи Фазлиддин, Гадозода Шаҳло, Мелибоева Моҳруза, Ташрипов Маъруф, Атоев Абдукибор, Ҳусейнова Зебунисо баромад карда,оид ба пайдоиши ин ид, васфи модар, нақши он дар ҳаёт маърӯзаҳо карда, аз эҷодиёти шоирон шеърҳои бисёреро қироат карданд ва тамоми бонувони кафедраро самимона ба рузи Иди модар табрик гуфта, ба фаъолияти онҳо орзуҳои нек таманно намуданд. Дар ин ҷамъомад мудири кафедра Файзилов И.У. ва дигар кураторон Абдиразоқов А. Шарипова Р.Ё., Шарипова К.С., Обидов Ҷ.М., Меликов Б.Ҳ., Шамсиддинова Ш.,Николаева В.В. ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Мудири кафедра, н.и.х. Файзилов И.У.
13.03.2020     726

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php