Ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ

Ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ
Рӯзи 10.01.2020 дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ бахшида ба ҷашнгирии 5500-солагии Саразми бостонӣ ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласаро мудири кафедра н.и.х., дотсент Файзилов И.У. оғоз намуда, қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 ҷашни Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта мешавад, ки ин боиси ифтихор ва дастгирист. Аз рӯи масъалаи зикршуда муаллимаи калони кафедра Шарипова К.С. баромад намуда, қайд кард, ки 31 июли соли 2010 Саразм ба феҳрасти мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Саразм яке аз қадимтарин маъхази бузурги аҳолинишин дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки солҳои 1976-1997 аз тарафи бостоншиносон Абдуллоҷон Исхоқов ва А. Раззоқов ба дӯстдорони таъриху бозёфтҳо пешниҳод гардидааст. Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «сарзамин» ба вуҷуд омадааст. Калонтарин бозёфти Саразм ин гӯри маликаи Саразм мебошад, ки бинобар ривоятҳо арвоҳи маликаи Саразм баъзан – баъзан шабона дар Шаҳристон сайр мекунад. Саразми бостон ба солҳои 3400-2000 п.м. мансуб аст. Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм мегузоштанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Фарҳанги саразмиҳо низ хеле пеш рафта буд ва онҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимолии Эрон ва Балуҷистону Систон низ иртиботи фарҳангӣ доштанд. Дар охири ҷаласа мудири кафедра Файзилов И.У. қайд намуд, ки ёдгориҳои таърихии кишвари азизамон таҳти ғамхориҳои беғаразона ва дастгириҳои беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Ин иқдоми башардӯстонаро мо омӯзгорон хеле хуб пазируфта, бояд ба қадри бозёфтҳои таърихӣ ва боигариҳои миллӣ бирасем ва ҳамчун мероси гаронбаҳо ҳифз намуда , ҷавонони имрӯзаро бо роҳи дӯстдоштани ватан ва азизу муқаддас шуморидани мероси гузаштаамон ҳидоят намоем. 
Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ

17.01.2020     519

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php