Корҳои тарбиявӣ


Кафедраи химияи биоорганики физколлоиди сарварии 7- гурӯҳи таълимро ба ӯҳда доранд. Роҳбари гурӯҳҳои номбаршуда бар зимаи омӯзгорон мебошанд, ки бо чунин ҷадвал дарсҳо ба роҳ монда шудааст.
Накшаи корҳои тарбиявии умумӣ ва нақшаи корҳои тарбиявии индивидуалии ҳар як омӯзгор мавҷуд аст.
Омӯзгорони кафедра фаъолияти кори худро аз рӯйи нақшаи тарбиявие, ки аз ҷониби қисми тарбиявии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тасдиқ шуда буд, амалӣ карданд. Ҳаҷми иҷрошудаи соатҳои тарбиявӣ 144-168 соатро ташкил медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки саҳми кураторон дар тарбияи ахлоқии донишҷӯён назаррас аст. Курраторони гурӯҳҳо дар якҷоягӣ бо донишҷӯён дар чорабиниҳои донишгоҳ ва дохили кафедра корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд ва ба корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок мекунанд. Дар заминаи вусъат бахшидан ба корҳои табиявӣ дар кафедра аз ҷониби кураторҳо бо донишҷӯён корҳои зерин иҷро шудаанд, ки характери тарбиявӣ доранд:
• Кормандони кафедра дар тайёрӣ ва ҷашнгирии 80-солагии ДДТТ фаъолона иштирок карданд.
• Тамоми гурӯҳҳои куратори бо роҳбарии кураторон дар ҷашни Наврӯзи аҷам, ки дар саҳни донишгоҳ ҷашн гирифта шуда буд, саҳми худро гузоштаанд.
• Ҳангоми дарсҳои куратори суҳбати устодон оид ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, иззату эҳтиром, ҳисси ватандӯсти бо донишҷуён;
• Санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ гурӯҳи 63 дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ, худшиносии миллии ҷавонон ва ифтихори ватандорӣ» дарси кушоди куратори гурӯҳ Шамсутдинова Ш.С. дар сатҳи баланди педагогӣ гузаронида шуд.
• Дар таърихи 2 – уми майи соли ҷорӣ донишҷуёни курси якум гурӯҳҳои куратори конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба «9-уми май » гузаронида шуд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php