Фаъолияти илмӣ


Мавзӯи илмии кафедра
1. Синтез ва омӯзиши пайвастагиҳои алифатӣ ва гетеросиклии нитроген ва сулфурдор ва ҳосилаҳои функсионалии онҳо.
2. Тадқиқот дар соҳаи коркарди технологии ангишти Зиддӣ ва Фон-Яғноби Тоҷикистон.
Кор бо ҷамъияти илмии донишҷӯён
Дар кафедра кружоки Ҷ.И.С амал мекунад, ки дар он ҳама сол 4-5 донишҷӯ аз ҳамаи факултетҳо ва донишҷӯёни курси 2-юми факултети фармасевтӣ иштирок мекунанд.
Дар ин ҷо донишҷӯён рефератҳо менависанд,презентасияҳо, тезисҳо тайёр намуда, дар конференсияҳои байни донишҷӯён баромад мекунанд.Роҳбарони корҳои илмӣ мудири кафедра, дотсент Файзилов И.У., профессор Хоҷибоев Ю.Х., профессор Исобоев М.Ҷ., дотсентҳо Абдиразоқов А.А, Шарипова Р.Ё., муаллими калон: Николаева В.В., Шарипова К.С., ассистентхо Шамсиддинова Ш.С. , Меликов М.Х., Обидов Дж.М. мебошанд.
Натиҷаҳои асосии лоиҳа (мавзӯи ташаббусӣ)
Тадқиқот оиди синтези ҳосилаҳои триолҳои енинӣ ва муайянкунии вобастагии хосиятҳои химиявӣ ва фаъолнокии биологӣ аз омилҳои структуравӣ гузаронида шудаанд. Бо ин мақсад синтези изомерҳои геометрии монэфирҳои соддаи дусеюминаи диоксиалдегидҳои енинӣ бо роҳи оксидкунии Z,Е-изомерҳои моноэфирҳои соддаи триолҳои енинӣ гузаронида шудаанд.
Таркиб ва сохти пайвастагиҳои ҳосилкардашуда бо усулҳои спектроскопияи ИС-, РМП-, таҳлили элементӣ ва синтези мутақобил исбот карда шудаанд. Индивидуалнокии пайвастагиҳои ҳосилкардашуда бо усули ХҚТ дар пластикаҳои Silufol UV-254 тасдиқ карда шудаанд.
Дар қатори имидазо-[2,1-b]-[1,3,4]-тиадиазол ҳосилаҳои нав синтез карда шудаанд.Шароитҳои оптималии синтези ин моддаҳо муқаррар карда шуданд. Идентификатсия ва сохти пайвастагиҳои ҳосилкардашуда бо усулҳои гуногуни физикавӣ-химиявӣ исбот карда шудаанд.
Реаксияи гидрогенизатсияи триолҳои енинии пештар дар кафедра ҳосилкардашуда гузаронида ва татқиқ карда шудаанд ва ҳосилаҳои ҳаднокӣ триолҳои енинӣ ҳосил карда шудаанд. Таъсири бандҳои каратӣ ба фаъолнокии биологии онҳо муайян карда шудаанд.
Деминерализатсияи нимкокс, ки аз ангишти Зидди ва Фон-Яғноби Тоҷикистон ҳосил карда шудаанд, бо роҳи коркард бо кислотаи нитрат гузаронида шудааст. Нишон дода шудааст, ки золнокии нимкоксро нисбат ба авала 2-3 маротиба паст кардан мумкин аст. Барои нимкокси пурфайзкардашуда адади йодӣ муайян карда шудааст, ки он оиди зиёдшавии фаъолнокии он шаҳодат медиҳад.
Процесси термолизи ангишти сиёҳтоби Шӯроб бо роҳи муқоисаи кинетика ва баромади гази коксӣ ҳангоми тағийрёбии режими технологӣ дар интервалӣ 300-1000 0С таҳлил карда шудааст. Аз ҳашт фраксияи ҳосилкардашудаи ГК баромади баланд ба режими ҳароратии 700 0С мувофиқат мекунад.
Кафедра дар корҳои илмию тадқиқотӣ бо Институти химияи АФ ҶТ ба номи Никитин В.И. ДМТ ва ДДОТ ба номи С. Айни алоқаи зич дорад.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php