Ташрифи проректор оиди таьлим д.и.т. профессор Ибодзода С.Т. ба кафедраи

Ташрифи проректор оиди таьлим д.и.т. профессор Ибодзода С.Т. ба кафедраи

Дар таърихи 05.12.20с проректор оиди таьлим д.и.т профессор Ибодзода С.Т.  аз кафедраи Ҷарроҳии кӯдакона боздид гузаронида аз сифати таълиму тарбия дар кафедра назорат карданд. Инчунин бо донишҷӯён дар рафти лексия ва дарсҳои амалӣ суҳбатҳо гузаронида оиди камбудиҳои ҷойдошта дар кафедра пурсон шуданд. Донишҷӯён аз хурд ва умумӣ будани гардероби либос ивазкунӣ  шикоят карданд. Ба мудири кафедра н.и.т Сафедов Ф.Х супориш дода шуд, ки  нисбати ин масъала чораандеши карда шавад.

Муҳтарам Ибодзода С.Т  бо донишҷӯён  нисбати, риояи қоидаҳои дохили донишгоҳи ва клиники, сару либоси расми, одоби муошират бо беморон, ҳурмату эҳтироми омӯзгор, ҳиси Ватандӯстӣ, худшиносии милли, риояи қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбия, истифодаи телефони мобили ҳангоми дарс, наомадани донишҷу бо мошини шахси ба дарс   ва роҳҳои пешгирии Коронавируси COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ,  гигиенаи ҷамъиятӣ  суҳбатҳо гузарониданд.

Ҳангоми гузаронидани суҳбатҳо нисбати самтҳои дар боло зикр гардида донишҷуён фаьолона дар саволу ҷавобҳо иштирок намуданд.

Мудири  кафедра н.и.т  -  Сафедов Ф.Х

Муттасди оиди корҳои тарбияви асс.кафедра  -  Шарипов Н.Ш

12.12.2020     439

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php