Парчамаи тоҷикон дар масири таърих

Парчамаи тоҷикон  дар масири таърих

Нисбати рузи Парчами давлати мудири кафедра н.и.т Сафедов Ф.Х ҷаласаро кушода, қайд намуданд, ки ҷашнгири ва омодаги ба рузи Парчами давлати азизамон шуруъ аз соли 1992 инҷониб ҳамасола ба анъана даромада дар як сатҳи хуб ҷашн гирифта мешавад.

Зикр бояд намуд, ки беш аз 29сол мешавад, ки миллати сарбаланди тоҷик дар зери Парчами давлатии худ сарбаландона кору фаъолият карда истодаанд, ки ин ҳам боз заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон ва миллати тоҷик ба даст омадааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки « Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба қадри ин муқаддасоти миллии худ бояд бирасем. Хизмат зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафҳои артиши миллиамон қарз ва ифтихори ҳар як ҷавонмарди тоҷику тоҷикистонӣ дониста мешавад.

Азбаски Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддасоти давлатист, онро бояд эҳтиром намуд, Баъзан Парчами давлатиро лозиму нолозим истифода мебаранд, онро дар мошинҳои шахсӣ, утоқҳои кори раисони ширкату идораҳои ѓайридавлатӣ, дӯконҳои пивофурӯшӣ, баъзан чаппа, рахи сурхашро аз поён ҷой медиҳанд, ки он таҳкир ҳисоб меёбад.

Парчами давлатиро мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ё Ҳукумати ҶТ ҳангоми гузаронидани маросимҳою чорабиниҳои тантанавии мақомоти давлатӣ барафрохтан мумкин аст.

Баъзан вақти ба утоқҳои кори сардорони идораю корхонаҳо, роҳбарони муассисаю ташкилотҳои ѓайридавлатӣ ворид шудан мебинем, ки сари мизи эшон Парчами давлатӣ гузошта шудаанд. Шояд ингуна ашхос барои ҳавою ҳавас ва ё нишон додани мансаби хеш Парчами давлатиро сари мизашон гузошта бошанд. Аммо, мутобиқи талаботи банди 4 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кабинетҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро қабул мекунанд, ҷойгир карда мешавад».

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 12, с. 1999, моддаи 332. Яъне, барои ҷойгир кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кабинетҳои кори дигар сардорон Низомномаи мазкур иҷозат надодааст.

Тасвири Парчами давлатӣ дар киштиҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд. Агар мушоҳида карда бошед, дар қаноти думии киштиҳои ҳавоии ширкати ҳавоии «Тоҷикистон» расми кабутар бо рангҳои рахи парчам кашида шудаанд.

Шахсоне, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳурмату эҳтиром нисбати муқаддасоти давлатамон – Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрванди ҳар як сокини Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Барои ҳамин моро мебояд ин санади муҳимро, ки барои ҳар як шаҳрванд муҳимияти зиёд дорад ҷашн гирифта фаҳмондадиҳиро ба насли ҷавон дар ин самт ҷоннок карда ва боз ҳам хубтар бароҳ монем.

Баъд аз устодон ва донишҷӯён хоҳиш намуданд, ки нисбати ин масъала фикру андешаҳои худро баён кунанд.

Дар охир мудири кафедра н.и.т. Сафедов Ф.Х қайд намуданд, ки дар ҳақиқат барои ҳар як фарди бонангу бономуси таҷик ба дида молидани Парчами давлати аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як такони зиёд диҳад. Чунки муаррифгари ҳар як шахс дар арсаи байналмилали ман фикр мекунам ин Парчами давлат мебошад. Бисёр шахсиятҳои барҷастаи олам, ки дар ягон мусобиқа баромад мекунан аксар ҳолат аз надоштани истиқлолияти давлати ва парчам аз тарафи парчамҳои созмонҳои байналхалқи муаррифи карда мешаванд.

Оиди читавр ба даст омадани парчам аз даврони қадим то ба имруз гуфта гузаштанд, ки ҳоҷат ба баён нест. Барои баромадкунандагон ташакури зиёд барои бисёр як баромадҳои пур муҳтаво ва ибрат бахш.

Дар охир тамоми иштирокчиёни ҷаласаро ба рӯзи Парчами давлати ртабрику муборак бод гуфта тансиҳати, хонаободи ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд. 

Мудири кафедра, н.и.т.,  -  Сафедов Ф.Х 

Асс.кафедра  -  Шарипов Н.Ш

27.11.2020     502

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php