Остеомиелити шадиди гематогени дар кӯдакон

Остеомиелити шадиди гематогени дар кӯдакон

Дар таърихи 28.11.20с бо таклифи мудири кафедра н.и.т Сафедов Ф.Х меҳмон аз Ҷумҳурии Узбекистон мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи тибби Самарқанд д.и.т профессор Юсупов Шуҳрат Абдурасулович ба кафедраи Ҷарроҳии кӯдаконаи МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварданд. Бо кормандон ва донишҷӯён вохури гузарониданд. Инчунин аз шуъбаҳои клиника дидан карда аз рафти табобат ва таҷрибаи кории духтурон дар хусусиятҳои усулҳои нави ташхис ва табобат пурсон шуданд. Дар рафти табобати баъзе беморон тавсияҳо доданд.

Лексия дар мавзуъи “Остеомиелити шадиди гематогени дар кӯдакон” аз тарафи мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи тиббии Самарқанд д.и.т профессор Юсупов Шуҳрат Абдурасулович дар сатҳи баланд хонда шуд, ки кормандони кафедра ва донишҷӯён фаьолона дар саволу ҷавобҳо иштирок намуданд.

Дар охир мудири кафедра н.и.т Сафедов Ф.Х ба мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи тибби Самарқанд д.и.т профессор Юсупов Шуҳрат Абдурасулович барои ташрифашон ба кафедраи Ҷарроҳии МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино изҳори миннатдорги баён карда ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ бародари ҳадя карданд.

Мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи тибби Самарқанд д.и.т профессор Юсупов Шуҳрат Абдурасулович аз раёсати донишгоҳ барои таклифашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори минатдорои баён карда дар охир бо донишҷӯён суҳбатҳои тарбияви гузаронида ба онҳо барои шахси дар ҷамъият соҳибэҳтиром гаштан маслиҳатҳои муфид доданд.     

Мудири кафедра н.и.т - Сафедов Ф.Х

Муттасди оиди корҳои тарбияви асс.кафедра - Шарипов Н.Ш

12.12.2020     405

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php