Фаъолияти омӯзишӣ


Фаъолияти омӯзишӣ
Дар кафедра донишҷӯёни курси 2,4,5, факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, бакалаврҳо, ординаторони клиникӣ, интернҳо, магистрон ва аспирантон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Вобаста ба потенсиали баланди ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра сиклҳои такмили ихтисоси барои ҷарроҳони кудакон аз рӯи самти “Урологияи кудакона” гузаронида мешавад.
Фаъолияти омӯзишӣ методӣ
Барои гузаронидани корҳои тарбиявӣ, кафедра мунтазам бо тайёр кардани дастурҳои таълимӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо, инчунин барои таҷрибаомӯзон ва ордиаторҳои клиникӣ машғул аст. Ҳамасола барномаҳои корӣ барои ҳамаи факултаҳо баррасӣ мешаванд ва барномаҳои стандартӣ дар 5 сол тасдиқ карда мешаванд. Кормандони клиника дар маҷаллаҳои марказӣ ва ҷумҳуриявӣ зиёда аз 2000 мақолаҳои илмӣ чоп кардаанд, аз ҷумла 280 дар маводҳои конфронсҳо, конгрессҳо ва симпозиумҳо. 15 маҷмӯаи мақолаҳои кафедра ва маводҳои конфронсҳо, конгрессҳо ва 80 таҳияи дастурҳои методӣ барои донишҷӯён ба табъ расидаанд. Ҳоло як дастури асосии бахшҳои ҷарроҳии кӯдакон барои табибон ва донишҷӯён таҳия карда мешавад. Барои донишҷӯёни факултаи педиатрӣ ва тиббӣ бо 3 забон 800 санҷиши имтиҳонӣ омода карда шуд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php