Корҳои табобатӣ ва машваратӣ


Мутасаддии корҳои табобатии кафедра ассистент Юлдошева М.А. мебошад. 98%-и кормандони кафедра дорои дараҷаи тахассусии олӣ 1 нафар аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (Ҷонибекова Р.Н.), ва 2 нафар аълочии тандурустии ҶТ(Субхонов С.С.,Абдурахимов А.Х.) мебошанд. Корҳои табобатӣ дар шуъбаи чаррохии чогу руйи калонсолон, шуъбаи чаррохии кудакон ва наврасони МД ММТ ЧТ «Шифобахш», дар дармонгоххои стоматологи шахрии №3, №1, МТК «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,медсанчасти “Аэропорт” ки пойгоҳи клиникии кафедра ба ҳисоб меравад гузаронида мешавад.
Ҳамаи кормандон мувофиқи мавзӯъҳои таълимӣ ва илмӣ ба табобати дорои беморони нуксонхо ва деформатсияи модарзодӣ ва дар давоми хаёт рӯй дода, деформатсияи системаи чогу руй бо усулхои истифодаи технологияи муосири хозиразамон ва навъхои усулхои нави ҷаррохи оиди бартарафсозии нуқсонхои модарзоди ва баъди садамави машғул мебошанд.
Устодон сарбории табобатиро дар ҳаҷми 0,5 ҳаҷми воҳиди кории чаррох-стоматолог иҷро мекунанд. Онҳо ҳама намудхои амалиётхои таъҷилӣ ва накшавиро ба беморон ёрии чаррохи- стоматологии баландихтисос мерасонад. Хусусан амалиётхои баркароркунии лабу ком, остеосинтезхо, гирифтани омосхои чогу руй, баркароркунии нуксонхои баъди амалиёти ба дараҷаи баланди касбӣ тайёр карда мешаванд. Натиҷаи кори пурмаҳсули устодони кафедра мебошад,ки аз тамоми гӯшаю канори кишварамон ба МД ММТ Шифобахш , МТК «Стоматология»-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва дигар дармонгоххои стоматологӣ барои машварат ва табобат муроҷиат мекунанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php