Иқтибосҳо дар бораи ноҳияи Муъминобод

«… Мардуми Муъминобод, шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шўравӣ ва пасошўравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«Муъминобод яке аз гўшаҳои дилрабою ҷаннатосои Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад. Табиати зебою афсонавӣ, талу пуштаҳои сарсабзу хуррам, чашмасори поку мусаффо ва тамошои манзараҳои нотакрораш беихтиёр диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Маҳз ҳамин ҳусну таровату дилрабоии табиат аз қадим диққати садҳо сайёҳону таърихнигорон ва олимону донишмандонро ба худ кашидааст. Қисме аз ин абармардону бузургони давраҳои гуногун манзили охирати худ ҳамин диёри сарсабзу зеборо ихтиёр кардаанд, ки оромгоҳашон то кунун чун ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ нигоҳдорӣ мешаванду ҳамасола зиёратгоҳи сайёҳону аҳли фазлу дониш қарор мегиранд. Аз ин рў, бо итминони комил гуфта метавонам, ки Муъминобод дар ояндаи наздик чун пойгоҳи сайёҳиву туризм рушд меёбад.
Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ
26.09.2019     627

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php