Фаъолияти омӯзишӣ


Корҳои омӯзишӣ
Мутасаддии қисми таълимии кафедра ассистент Юлчиев Р.И. мебошад. Дар кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй донишҷӯёни курсҳои 2,3,4,5, ординаторони клиникӣ ва ординаторҳои факултети тибби таҳсил мекунанд. Дар марказҳои таълимию клиникӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда барои қабули амбулаторию статсионарӣ вуҷуд дорад. Дар пойгоҳи кафедра бинои 9 дар шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй 1 толорҳои дарсӣ, дар бинои 4 дар шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯи калонсолон 1 ҳуҷраи дарсӣ, ҳуҷраи машваратию- методи ва ба қайдгирии беморони дорои роғи модарзодии лабу ком, ҳуҷраи духтурон, ҳуҷраи мудири кафедра, ҳуҷраҳои бистари барои беморон, ҳуҷраи доругузарони, ҳӯҷраи бандинабандӣ, ҳуҷраи то амалиётӣ, толори амалиётӣ ва ҳуҷраи баъди амалиётӣ мавҷуд аст. Ғайр аз он дар бинои 7 –ум 2 ҳуҷраи дарсӣ мавҷуд аст. Омӯзиши фан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Донишҷӯён курси 4-ум дар сессияи зимистона имтиҳони гузариш ва дар охири курси 5-ум имтиҳони давлатӣ месупоранд. Донишҷӯёни курси 2-юм аз семестри баҳорӣ ба системаи кредитии таълим гузаштанд,ки мувофиқи нақшаи таълимӣ дар давоми семестр 2 маротиба (дарси 6-ум ва 12-ум) санҷиши фосилавиро (рейтинги 1 ва 2) дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ месупоранд. Аз тарафи ассистентони кафедра барои донишҷӯён Силабусҳо, барномаҳои корӣ тартиб дода шуданд.
Фаъолияти омӯзишӣ методӣ
Дастурҳои таълимӣ-методӣ ва тавсияҳо оиди ҳамаи қисмҳои ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои донишҷӯён, магистрҳо ва ординаторони клиникӣ омода мебошад. Кормандони кафедра китобҳои дарсии «Стоматологияи чаррохи», «Пропедевтикаи чаррохи стоматологи» ва дастури таълимии «Хирургия зубов» «Лимфаденит челюстно-лицевой области и шеи у детей», «Омосҳои минтақаи ҷоғу рӯй», «Заболевания слюнных желёз», «Бемориҳои ғадудҳои луоби», «Асосҳои импланталогияи денталӣ», «Дентальная имплантология», Периодонтит, хирургический подход к лечению», «Неотложная амбулаторная стоматологическая помощь у взрослых и детей», «Ёрии таъҷилии амбулатории стоматологӣ дар колонсолон ва кӯдакон», «Флегмона челюстно-лицевой области и шеи» нашр намудаанд.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php