Базаи клиникии кафедра
Пойгоҳи асосии кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар Муассисаи давлатии тиббии шаҳраки «Шифобахш» дар бинои 9 ошёнаи 2, Маркази ҷарроҳии ҷоғу рӯйи калонсолон дар бинои №4 ошёнаи 3, Маркази таълимию клиникии «Стоматлогия»- и ДДТТ, дармонгоҳҳои шаҳрии стоматологияи кӯдаконаи №1, дармонгоҳи стоматологи №3, беморхонаи роҳи оҳан, ҷойгир мебошад. Барои беҳтар намудани сифати таълим ба донишҷӯёни ДДТТ махсусан факултети стоматологӣ бо дастгирии давлату Ҳукумати ҶТ, раёсати донишгоҳ ва маъмурияти беморхонаи ММТ Шифобахш дар бинои 7 ошёнаи 2, 3 ҳуҷраи таълими бо шароитҳои хуб ва таҷҳизотҳои таълимӣ барои кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ҷудо карда шуд, ки ин боиси боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мусоидат мекунад.