Забони модариро пос доред

Забони модариро пос доред

Санаи 10.10.2020 сол   дар кафедраи гистологияи МТД “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”,   дар байни донишҷӯёни гурӯҳҳои 27 ва   28-и факултети тиббӣ, курси 2-юм бо иштироки устодони кафедра   соати тарбиявӣ дар мавзӯи “ Забони модариро пос доред” гузаронида шуд. Дар дарс баромад намуданд: куратори гурӯҳи 28 –и факултети тиббӣ Бобоева Г.А. ва донишҷӯён: Нарзуллозода Г, Абдуллоева М, Мамнурова Р, Турапова М, Эсанов А.

Забон –омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишонаи бақои ҳар як халқу миллат аст. Умри миллат ба умри забон вобастагӣ дорад. 5-уми октябри ҳар сол рӯзи забони давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардида аст. Донистани забони давлатӣ ва дурусту равон сухан рондан аз маърифати баланди одамон далолат медиҳад. Мо дар ин ҷода бояд аз гузаштагони худ ибрат омӯзем ва баҳри пойдориву тозагии забони худ талош варзем.

Дар охири дарс донишҷӯён аз ашъори шоирони классикиву муосир шеърҳо қироат намуданд.

04.12.2020     743

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php