Дарси кушод дар мавзӯи Бофтаи асаб

Дарси кушод дар мавзӯи Бофтаи асаб

Санаи 13.02.2021 дар кафедраи гистология аз тарафи ассистенти кафедра Имамбердиева М.А. дарси кушод бо иштироки мудири кафедра Соҳибова З.Н.,профессор Шукурова Д.А., сардори шуъбаи сифати таълим Расулов С.М. , мутахассис Ортуқова С.М. ва Фарзонаи Раҷаб   гузаронида шуд.  Мавзӯи машғулияти амалӣ  «Бофтаи асаб». Омӯзиш бо забони хориҷӣ (англисӣ).
Дар қисмати аввали дарси кушод ассистент Имамбердиева М.А. ҳозиру ғоиб гузаронданд ва баъд  пурсишро оғоз карданд. Намуди зоҳирӣ ва сару либоси донишҷӯён  мувофиқи қоидаи қабулшудаи донишгоҳ буд. Муаллима  донишҷӯёнро  аз рӯи  талаботи низоми кредитӣ – модулӣ  ба таҳлили мавзӯъ ҷалб намуд. Баҳо ва холҳо  дар вақташ бо иштироки донишҷӯён гузошта шуданд.  Ҳангоми  гузаронидани машғулияти амалӣ  омӯзгор ва  донишҷӯён  бениҳоят фаъол буданд,  аз воситаҳои нави муосир ва таблитсаҳо васеъ истифода бурданд. Хронометраж  риоя  карда шуд. Тарзи гузаронидани машғулияти амалӣ  ба талаботи методӣ пурра мувофиқат мекунад. 


15.02.2021     696

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php