Таьрихи кафедра


Кафедраи фтизиатрия соли 1959 дар базаи беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил ва Диспансери зиддисилии ҷумҳуриявӣ ташкил карда шудааст. Дарсҳои силшиноси аз 17.01.1943с. то 1.01.1956с. дар базаи Диспансерии ҷумҳуриявии зиди силӣ асосан аз тарафи духтур Т.А.Фелицина дар базаи кафедраи терапия гузаронида мешуданд. Аз с 1956с. то 1959с. силшиносӣ дар як вақт гузаронида мешуд. Баьд аз ташкил ёфтани кафедра дар базаи беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии силшиносии №1-и шаҳраки Рохатӣ. Якумин ва авалин мудири кафедра Юрий Денисович Яцожинский ба табобат ва ҷарроҳии сили шушҳо машғул буд. Кормандони кафедра ба гайр аз кори педагогӣ, ба тайёр кардани корҳои илмӣ машғул буданд. Дар ин давра Брукер.И.Е. М.К. Муродов, Кимягаров .Я.Э. В.Ю. Краулис. З.А. Гуева. А.А. Лебедов рисолаҳои номзадии худро ҳимоя карданд. Кормандони кафедра якҷоя бо духтурони беморхона ба таври васеь усулҳои ҷарроҳии сили шушро амалӣ мекарданд. Дар ин солҳо 25 корҳои илмиро, ки бахшида ба табобати ҷарроҳии сили шуш ва масьалаи реабилитатсияи тиббӣ ва меҳнатӣ бахшида шудаанд. Дар соли 1966с. Юрий Денисович Яцожинский ба институти сили Ялта ба кор рафт. Худи хамонсол н.и.т. Евгений Леонидович Мелников аз Донеск ба ҳайси мудири кафедра ба кор омад, ки ба тайёр кардани корҳои илмӣ аҳмияти калон медод. Корҳои илмии кафедра ба проблемаи баланд бардоштани натичаҳои табобати сил. ташхиси лабороторӣ, муайян кардани намудҳои микобактерияи сил бахшида шуда буд. Дар ин давра ба корҳои илмӣ духтурон низ машғул буданд. Ки баьдтар Л.А. Искандаров, Кутков. Н.Г., Егорова. Х.А., Расулов. Ф.А. Рахманина рисолаҳои номзадии худро химоя карданд. Аз соли 1969 дар кафедра курси баланд бардоштани ихтисоси духтурон ташкил шуд. Дар ин вақт аз тарафи онҳо 32 кори илмӣ чоп гардид. Аз соли 1961 то1968 кафедраи сили кӯдакона ташкил шуда буд, ки Элла Зиновьевна Соркина профессор аз Маскав онро роҳбарӣ мекард. Ӯ ҳамаи қуваашро барои тайер кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва духтурон равона карда буд. Дар ин солҳо зиёда аз 130 духтурони сили кӯдакона фтизиопедиатр тайер карда шуданд. Кори илмии кафедра ба клиника ва эпидемиологияи сили кудакона бахшида шуда буд. Бо роҳбарии Элла Зиновьевна, А.Д. Чугуникова, Л.Ф. Портнова, Э.А.Ишан-Шо, Т.В. Чеботарева рисолаҳои номзадии худро ҳимоя карданд. Вай 63 кори илмиро ба чоп расонидааст, ки яке аз он монография «Первычная туберкулёзная инфекция у детей»мебошад. Соли 1968 баьди ба нафақа баромаданаш ба Маскав баргашт. Соли 1970 кафедраи сили кӯдакона бо кафедраи фтизиатрия якчоя шуд. Дар кафедра курси баланд бардоштани ихтисоси духтурон оид ба сил амал мекард. Баьди рафтани Е.Л.Мелников дар давоми 2-3 сол вазифаи мудири кафедраро Маъруф Ахмедович Пулатов,дотсенти кафедра буд ичро мекард. Аз соли 1984 мувофиқи озмун аз институти илмӣ-таҳқиқотии сили Белорусия Людмила Павловна Фирсова ба ин вазифа гузашт ва то нафақа (1986с.) кор кард. Людмила Павловна хамчун клинитсист ва педагог ба баланд бардоштани касби педагогӣ ва корҳои илмӣ аҳмияти калон медод. Бо ташаббуси у шуъбаи табобати маҷбурии шаклҳои сили сироятшаванда, ки аз табобат рӯйгардонда буданд, ташкил карда шуд. Инчунин комиссияи марказии духтурон дар назди Диспансери ҷумҳуриявӣ ташкил гардид.
Ба роҳбарии ӯ Д.М.Юсуфҷонова Ф.Р.Ҷалилова рисолаи номзадӣ ва Чебатарева Т.В. рисолаи доктории худро ҳимоя намуданд. Аз с 1987 то 2014 аввалин бор мудири кафедра хатмкунандаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Сироҷидинова У. Ю. интихоб шуд, ки корҳои илмии ӯ бахшида ба бемории сил баланд бардоштани натиҷабахши пешгирӣ ва дарёфти саривақти дар кудакони манбаи сироят ва табобатшавии бемории сил буданд.
Бо роҳбарии ӯ Дӯстматова З.Ш., С.М. Сайдалиев рисолаи номзади ҳимоя карданд, Р.Р. Джумаева ва Қ.И.Пиров корҳои илмиашонро давом дода истодаанд. Аз сентябри соли 2014 то имрӯз олими ҷавон, дорандаи мукофоти ба номи И.Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника д.и.т. Абдурасул Бобоевич Сангинов мудири кафедра мебошад.
Кафедра бо марказҳои зидди силии ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои байналмилали ҳамкориҳои зич дорад. Кормандони кафедра 30 монография ва дастурҳо, аз ҷумла 2 китоби дарсӣ бо номи «Силшиноси» бо забони давлати ва «Дифференциальная диагностика в фтизио-онко-пульмонологии» 2018с. истилоҳи тиббӣ оид ба силшиносӣ ба чоп расида, дастурамал ва тавсияҳои зиёде барои духтурон ва силшиносон. 4 барнома барои ҳимояи аҳолиӣ аз бемории сил тайер шуд.
Корҳои педагогӣ
Аввалин ассистентҳои кафедра. духтури хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон З.А. Гуева. А.Д. Чугуникова. М.А. Пулатов. Л.Ф. Портнова. Е.В. Канова. М.К. Муродов. Н.Р. Аминов. Е.В. Панова. Г.С.Айрапетянц.А.М.Сафармамадов.В.С.Сабчук.К.Т.Темиров.У.М.Рахмонов.Ф.И.Юмагулова.Э.А.Эшан-Шо. Т.В. Чеботарева. У.Ю. Сироджиддинова. Х.М. Абдурахманова. Ф.Р. Джалилова. Д.М. Юсупджанова. З.Ю. Жданова. В.М. Каримов. В.Р. Альбрехт. О.К. Саидова. Неьматов.М.М. Аз соли 1986 инҷониб дар кафедра инҳо кор карданд Л.В. Казачук. О.А. Борисова. М.М. Халилова. З.Ш. Дустматова. Аз соли 1986 инҳо кор карданд Л.В. Казачук., О.А. Борисова., М.М. Халилова., З.Ш. Дусматова., Т.М. Курбоналиева., Ф.С. Бикметова. Имрузҳо дар кафедра д.и.т. профессор О.И. Бобоходжаев., М.Б. Мирзоева., Г.М.Холбутаев., Л.Ш. Укуматшоева., Қиёмиддинов Ҳ.Ҳ., У.И. Розиков кор ва фаьолият карда истодаанд.
Аз Маркази таҳсилоти баъдидипломии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар базаи кафедра, дар шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина, ординаторҳои клиникӣ аз рӯи ихтисоси ҷарроҳӣ, курси ҷарроҳии қафаси сина мегузаранд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php