Таърихи кафедра


Физиологияи патологӣ муайянкунӣ, тавифдиҳӣ ва  маънидокунии сабаб, шароит, механизмҳои хос ва умумии пайдоиш, инкишоф, ва инчунин, оқибатҳои бемориҳо ва ҳолатҳои бемориро дар бар мегирад. Дар асоси ин дониш тарзҳо ва усулҳои ташхис, муолиҷа ва пешгирии онҳо коркард ва исбот карда мешаванд.

Кафедраи физиологияи патологӣ моҳи майи соли 1941 ташкил шудааст ва аввалин мудири кафедра профессор Пешковский Г.В. буд. Пас аз аз ҷумҳурӣ рафтани Пешковский Г.В., якчанд муддат дар кафедра дотсент Андросов Я.С. мудирӣ карда аст.

Соли 1950  профессор Ойвин И.А. ба вазифаи мудири кафедра интихоб шуд. Бо роҳбарии ӯ  И.И. Исломова, В.В. Баканская, Е.П. Смоличев, Н.Д. Горбунова, Г.Ш. Тоиров, Ю.В. Сергеев, Б.Д. Забудский, И.А. Муҳаммадҷонов ва дигарон корҳои диссертатсионӣ дифоъ кардаанд.

Зиёда аз 30 сол (1956-1987) роҳбарии кафедра ба зиммаи профессор Е.П. Смоличев буд. Роҳбари донишманд, устод Е.П. Смоличев ҳамзамон вазифаи муовини ректор иоид ба корҳои таълимро ба зима дошт. Зери роҳбарии бевоситаи  ӯ 17 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ дифоъ шуд. Ӯ муаллифи монографияи «Нарушение белкового состава крови» мебошад.

Соли 1987 бо сабаби ба вазифаи профессор-мушовир гузаштани Е.П. Смоличев, дотсенти кафедра  Инна Илинична Арав ба вазифаи мудири кафедра (1987-1989) таъин шуда буд.

Баъд аз Ҷумҳурӣ рафтани И.И. Арав соли  1990 дотсент Ю.Б. Иброҳимов ба вазифаи мудири кафедра (1990-1992) интихоб шуд. Дар ин давра ӯ дар мавзӯи «Сопряженные функции органных сосудов в динамике развития гипоксии ва применения антигипоксантов», ки амҳамияти фундаменталӣ ва амалӣ дорад, бо муваффақият рисолаи докторӣ  ҳимоя кард. 

Аз соли 1992 то 1994 вазифаи мудири кафедраро дотсент С.Г. Топорова иҷро мекард. Ҳамон сол С.Г. Топорова дар мавзӯи «Механизмы управления лимфатическим дренажем тканей» рисолаи докторӣ ҳимоя кард.

Солҳои 1994-2006 мудири кафедра собиқ ординатори клиникӣ – дотсент М.Ф. Шаҳобова буд. Аспиранти ояндаи кафедра, соли 1975 дар мавзӯи «Влияние вегетативных сдвигов на частотно-пороговую характеристику кожного анализатора здорового и больного человека» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Муддати роҳбарии М.Ф.Шаҳобова  аз тарафи муаллимони калони кафедра ду кори илмӣ: Қурбонбекова П.К. дар мавзӯи «Распространенность, особенности этиологии, патогенеза, клиники, течения и терапии пиодермий у жителей высокогорья, среднегорья и долины» (роҳбари илмӣ д.и.т., профессор Исаева М.С.) ва  Меликова Н.Х. ба мавзӯи «Влияние межличностных отношений и состояния автономной нервной системы на мотивационную деятельность студентов» (роҳбари илмӣ д.и.т., профессор Шукуров Ф.А.) иҷро карда шуд.

Соли 2006 вазифаи мудири кафедраро хатмкунандаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т. М.С. Табаров иҷро мекард. Соли 1999 бо роҳхати  ВТ ҶТ ба  докторантураи ДТТТТ АИТР ш. Санкт-Петербург равон карда шуд.  Соли 2003 дар мавзӯи «Раздельное и сочетанное воздействие гипоксии ва гипотермии на реактивность сосудов» рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Таҳти роҳбарии ӯ 2 рисолаи номзадӣ - Шукурова Н.Я. дар  мавзӯи «Реактивность органных венозных сосудов при воздействии вазоактивных веществ в условиях гипотермии и гипертермии организма» ва Тоштемирова З.М. дар мавзӯи «Циркадианный ритм функционирования кишечника при варикозной болезни нижних конечностей» ҳимоя шуд.

М.С. Табаров маллифи зиёда аз 140 кори илмӣ мебошад. Инчунин, 1  монография «Гемодинамика при сочетанных воздействиях»,  китоби дарсӣ бо забони давлатӣ  «Физиологияи патологӣ», «Краткий русско-таджикский толковый словарь медицинских терминов», маълумотномаи «Норма в практической медицине», 14 коркард ва дастурҳои илмӣ-таълимӣ

Аз 1.03.2017 вобаста ба имконнопазирии дар дувазифа кор кардан, мудири кафедра  шогирди М.С. Табаров – к.м.н., дотсент Тоштемирова З.М. таъйин шуд.

З.М. Тоштемирова миаллифи зиёда 90 кори илмӣ. Аз он ҷумла, 18 коркард ва дастурҳои илмӣ-таълимӣ мебошанд.

Таҳқиқоти илмии кафедра дар  2 самт гузаронда мешуд: солҳои 2010-2012 «Сравнительное хрономедицинское исследование основных факторов риска геморроя и варикозной болезни нижних конечностей» ва солҳои 2012-2014 «Клинико-экспериментальное исследование дисфункции эндотелия сосудов при хронической болезни почек в условиях долины и высокогорья». Айни замон мавзӯи илмии кафедра «Дисфункция эндотелия при ишемической болезни сердца у лиц перенесших инфаркт миокарда» мебошад, ки барои солҳои 2018-2022 пешбинӣ шудааст.

Ҳоло аз ҳимояи расмии рисолаи илмӣ ба мавзӯи: «Эндотелиальная дисфункция при дерматититах иметоды её коррекции» омӯзгори калони кафедра  Ходжаева М.Х. гузаштааст,  муҳокимаи  рисолаи номзадии омӯзгори калони кафедра – Нуриллоева Н.А., роҳбари илмӣ – профессори кафедра, д.и.т. Табаров М.С. дар нақша аст.

Муддати фаъолияти кафедра аз тарафи муаллифони гуногун 1064 – мақола; 1394 – тезис; 60 – дастур ва коркардҳои таълимӣ-методӣ; 74 – пешниҳодҳои беҳсозон (ратсионализаторӣ) нашр шудааст.

Дар кафедра махфили илмии донишҷӯён фаъолият дорад, ки онро н.и.т.,  дотсенти кафедра Меликова Н.Х. роҳбарӣ доранд. Дар махфил донишҷӯён корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегузаронанд, бо маърӯза дар конференсияҳо оид ба масъалаҳои патофизиология баромад мекунанд.

Ҳоло кафедра бо Донишкадаи таҳқиқотии тибби таҷрибавии ш. Санкт-Петербург, Донишгоҳи якуми тиббии ба номи акад. И.П. Павлов, ш. Санкт-Петербург, Академияи Давлатии тиббии Ижевск ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфандияров ҳамкорӣ мекунад.

Барои хубтар аз худ кардани маводи таълимӣ дар ҳамаи  ҳуҷраҳои таълимӣ телевизор ва DVD гузошта шудаанд, ки тавассути онҳо наворҳои таълимии илмӣ, лабораторияи вертуалӣ барои иҷрои машғулиятҳои амалӣ нишон дода мешаванд.

Дар ҷаласаҳои кафедра иштироки ҳамдигарии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ, омодасозии коркардҳои таълимӣ-методӣ, арзёбии сатҳи ихтисосии дарсгузаронӣ, давомот ва иштироки донишҷӯён муҳокима мешаванд. 


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php